НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
март 21 2022

Иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик гуфтанд.

   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо - Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо - тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.

   Таъкид гардид, ки аслан Наврӯз - ин маҷмӯаи маънавии неку созанда - се ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва чоруним ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом ба вуҷуд омадааст ва тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ҳанӯз дар ҳамон давраҳои бостон дар қаламрави зисти қавму халқиятҳои гуногун таҷлил мегардидааст.

   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таърихи аслии пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз изҳор доштанд, ки Наврӯз бо ягон дин ё мазҳаб робитае надорад ва ойини сирф мардумӣ, баробар ба ҳама, ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад.

   Расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст.

   Вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш, ҳамчунин, бо зироаткориву боғпарварӣ дар кишвар шуҳрат дошта, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо меваи тару тоза ва сабзавоти барвақтӣ саҳми намоён дорад.

   Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои сокинони ноҳия ва ташаббусҳои созандашон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз сохтмони як қатор иншооти наву замонавӣ ба анҷом расидааст, ки имрӯз ифтитоҳ гардиданд. Муҷассама, мақбараи рамзӣ ва осорхонаи мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ аз иншооти асосии ҷашнӣ мебошад.

   Президенти мамлакат бунёди ин иншоотро далели возеҳи заҳматдӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтироми мардуми зодгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҷашни Наврӯз ва хотираи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик маънидод карданд.

   Таъкид гардид, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ минбаъд метавонад ба шарофати номи ин мутафаккири бузург ҷойи бисёр мувофиқи истироҳату фароғати сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардад.

   Вобаста ба суннатҳои неки Наврӯз Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳадафу ниятҳои созандаи халқи мо бо расму оин ва анъанаҳои бунёдкорона ҳамоҳангии комил доранд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандонро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар радифи кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин раванд саҳми арзандаи худро мегузоранд.

   Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иштирокчиёни ҷашни хусравониро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз - Соли нави аҷдодии халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишвар бахту иқболи баланд, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ орзу намуданд.

   Тантанаҳои идонаи наврӯзиро барномаи бошукуҳи консертии ҳунармандон идома дод, ки бисёр хотирнишин ва хоси ҷашни Наврӯз буд.

prezident.tj

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Боздид аз намоишгоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи майдони Парчами

21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи биноҳои хобгоҳ

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930