МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» Материалы за Май 2019 года
Сортировать статьи по: дате | популярности | посещаемости | комментариям | алфавиту

Ба истиқболи Рӯзи кӯдакон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

Автор: admin от 31-05-2019, 07:49

Ба истиқболи  Рӯзи  кӯдакон дар ҷамоатҳои   шаҳраку деҳоти ноҳия

Санаи 30 майи  соли  2019  дар ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти ноҳия  бахшида ба  Рӯзи  байналмилалии   ҳуқуқи  кӯдакон чорабиниҳои  идона баргузор  гардид.


Суханронии муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарама Абдсаломзода А. дар вохурӣ бо донишҷуёне, ки аз ноҳия ҳудуди ноҳия дар муассисаҳои олии касбиишаҳри Душанбе таҳсил менамоянд.

Автор: admin от 30-05-2019, 15:33

Суханронии

муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

муҳтарама Абдсаломзода А. дар вохурӣ бо

донишҷуёне, ки аз ноҳия ҳудуди ноҳия дар муассисаҳои олии касбиишаҳри Душанбе таҳсил менамоянд.

29 - майи соли 2019

        

         ҶАВОНОНИ  АЗИЗ !

     ДОНИШГҶУЁНИ ГИРОМӢ

  Саодати бузург насиби Шумост, ки дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии касбии мамлакат бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сайқал додани донишу малакаи касбии ҷавонон шароитҳои хеле муосиру пешрафта таъмин гардида, имкон фароҳам менамояд, ки Шумо бо гирифтани маълумоти олӣ ҳамчун мутаххасисони сатҳи баланд мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намоед.

СОЛИМИИ АҲОЛӣ БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ

Автор: admin от 29-05-2019, 15:22

СОЛИМИИ АҲОЛӣ  БОИГАРИИ  ДАВЛАТ АСТ

  Бо  фаро расидани фасли гармо  гирифтор шудан  ба  бемориҳои сироятӣ  аз  қабили домана, зардпарвин, исҳоли  хунин, дарунравӣ,  гелментҳо  (кирми меъда  ва  рӯда) ва  бемориҳои  сироятии фавқулодаи  хатарнок  ба монанди  вабо, тоун, махмалаки  обиладори  ҳамдунагӣ, табби  зардӣ, табби  хунин, сӯхтанӣ, тифи  шапушӣ, буғумдард,  ҳорӣ аз  эҳтимол  дур нест. Бинобар ин,  мо  кормандони соҳаи тандурустӣ зарур шуморидем,  ки  тариқи рӯзномаи  ноҳиявии  «Навиди Балх»  дар  бораи яке  аз  бемориҳои сироятии  хатарнок -табби  хунин (геморрагическая  лихорадка) ба  сокинон  маълумоти мухтасар  пешниҳод  кунем, то ки онҳо  худро  аз ин  гуна  бемориҳо муҳофизат  намоянд.


СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ДАР НОҲИЯ

Автор: admin от 28-05-2019, 16:33

СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ  НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ  ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА  ДАР НОҲИЯ

   Вохӯрии намояндагони Кумитаи  ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон дар мавзуи санадҳои  меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мудофияи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табии ва техногенӣ» ва «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», ҳифзи аҳолӣ аз моддаҳои радиатсионӣ ва сахттаъсири заҳролуд ва ҳамчунин таъмини ҳифзи техникаи бехатарӣ дар коргоҳ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда семинари машваратӣ бо сардорони мудофиаи граждании ташкилотҳои ноҳия гузаронида шуд.

ШОҲМОТ ЗЕҲНИ ИНСОНРО ҚАВӣ МЕГАРДОНАД

Автор: admin от 27-05-2019, 11:27

ШОҲМОТ  ЗЕҲНИ ИНСОНРО ҚАВӢ МЕГАРДОНАД

   Варзиш як намуди фаъоли ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ    буда, ҳадаф аз он беҳтар намудани саломатӣ, ба даст овардани  натиҷаҳои варзишӣ, пешравӣ ва номварӣ мебошад.


Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида ба 23 май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Автор: admin от 24-05-2019, 13:30

АНДАР БАЁНИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

   Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон   башорат (хушхабар) медод Пайғомбар  (с.а.в) ёронашро ва  мегуфт: «Тулӯъ кард бар шумо моҳе ки бисёр бо баракат аст. Моҳест ки даҳаи авали ӯ раҳмат аст, даҳаи мобайни ӯ  мағфират аст, даҳаи охири ӯ озоди аз оташи дӯзах аст».  

КӮДАКОНРО АЗ БЕМОРИИ ГЕЛМИНТОЗ МУҲОФИЗАТ НАМОЕД!

Автор: admin от 23-05-2019, 14:32

КӮДАКОНРО АЗ БЕМОРИИ

ГЕЛМИНТОЗ МУҲОФИЗАТ НАМОЕД!

   Яке аз бемориҳое, ки асосан дар байни кӯдакон бештар ба қайд гирифта мешавад, ин бемории Гелминтоз (кирми меъда ва рӯда) мебошад. Сабаби асосии ба ин беморӣ гирифтор шудан риоя  накардани оддитарин қоидаҳои тозагӣ мебошад. 

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Автор: admin от 22-05-2019, 17:42

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

   Имрӯз дар толори қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинӣ бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони лаёқатманди ноҳия иштирок намуданд.

Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида ба 23 май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Автор: admin от 21-05-2019, 16:39

Паёми  табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

муҳтарам  Убайдуллои Файзулло  бахшида ба 23  май Рўзи  ҷавонони Тоҷикистон

 

        ҲОЗИРИНИ    ГИРОМӢ !

         ҶАВОНОНИ  АЗИЗ !

   Мулоқоти имрузаи мо дар марҳилаи рушди созандагию бунёдкорӣ ва амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои арзандаи ҷавонони ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад, ки амалӣ намудани ин ҳадафи ояндасоз аз ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. 

Аз рафти баргузории Дави миллӣ

Автор: admin от 20-05-2019, 11:38

Аз рафти  баргузории Дави  миллӣ

  Субҳи  19  майи  соли 2019  дар  ноҳия чорабинии  Дави  миллӣ баргузор  гардид.  Дар он  роҳбарияти  ноҳия, кормандони  соҳаҳои  гуногун, наврасону  ҷавонон,  бонувон   иштирок намуданд.

Назад Вперед
Наверх
 

xx
xx
xx.
xx