МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» Материалы за Июнь 2019 года
Сортировать статьи по: дате | популярности | посещаемости | комментариям | алфавиту

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯ

Автор: admin от 28-06-2019, 10:28

вусъати корҳои созандагӢ дар ноҲия

    Дар арафаи  таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо иштироки  раиси ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ Убайдуллои Файзулло  боз як иншооти  хизматрасонӣ  барои сокинони Ҷамоати  деҳоти Навобод  ба  истифода дода  шуд.

Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Автор: admin от 26-06-2019, 15:57

Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

  Дар толори калони Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати панҷум баргузор гардид.

Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида ба 22-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

Автор: admin от 25-06-2019, 15:52

Паёми

табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида  ба

22-солагии  ҷашни Ваҳдати миллӣ

      Ҳозирин арҷманд,

      Ҳамдиёрони азиз!

   Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихӣ, арзиши муқаддас ва неъмати бебаҳо, падидаи қисматсозу ифтихорофарин маҳсуб ёфта, маҳсули азму талош, иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин дастоварди бузург мардум аз хавфи парогандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт.


Худро имрӯз муҳофизат намо, фардо дер мешавад

Автор: admin от 21-06-2019, 13:52

Худро  имрӯз муҳофизат  намо,  фардо дер  мешавад

   Ҳамасола  26 июн  ҳамчун  Рӯзи  байналмилалии   мубориза  бар зидди  нашъамандӣ  қайд карда  мешавад.  Чанде пеш ба  ин  муносибат дар кохӣ  Синамои  ба номи  М. Горкий   ҷамоамад баргузор  гарид.


Ярмаркаи ҷойиҳо корӣ холи баргузор гардид

Автор: admin от 19-06-2019, 16:17

Ярмаркаи ҷойиҳо корӣ  холи баргузор гардид

  Ҷиҳати  ба кор таъмин  намудан,  ба  касбомӯзӣ  фаро  гирифтани  аҳолӣ,  мусоидат  ба  рушди  ҳунарҳои  мардумӣ  санаи 18  июни  соли  2019  дар  нази  бинои  Маркази  савдои  Гулдаста  ярмаркаи  ҷойҳои  кори  холӣ  баргузор  гардид.

Шўрои њамоњангсозии соњаи тандурусти дар назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњия баргузор гардид

Автор: admin от 19-06-2019, 13:15

 

    Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи тандурусти дар назди  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид

    Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шӯрои    ҳамоҳангсозии  соҳаи  тандурусти  дар назди  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  ноҳия баргузор гардид. Дар Шӯро иштирок намуданд:

Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳия

Автор: admin от 18-06-2019, 15:59

Сафари  кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳия

Санаи 18 июни соли равон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари  кории хеш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. 


ЧУН ШИНОВАР НЕСТӢ, ПОЙ БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН!

Автор: admin от 17-06-2019, 14:17

ЧУН ШИНОВАР НЕСТӢ, ПОЙ БАР   ЛАБИ ДАРЁ НАМОН!

  Бо фаро расидани фасли  гармо  дар  каналу дарёҳо  шумораи зиёди наврасону  калонсолонро машғули оббозӣ  мебинем.  Зиёданд касоне, ки шиновариро ҳамчун як навъи варзиш дӯст медоранду аз қоидаҳои он бохабаранд ва барои шиноварӣ  ҷойҳои бехатарро интихоб менамоянд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарият  қоидаҳои  одитарини шиновариро  намедонанд. 

ХУДРО АЗ БЕМОРИИ ҲОРӣ ҲИФЗ НАМОЕД

Автор: admin от 14-06-2019, 13:54

худро аз  бемории Ҳорӣ  ҳифз намоед

 

Дар бораи бемории Ҳорӣ (Бешенство)чиро бояд донист?

Ҳорӣ – ин бемории сироятии хавфнок мебошад, ки барои одам ва ҳайвон марговар аст. Вируси Ҳорӣ ба одам ҳангоми газидани ҳайвони бемор мегузарад. Манбаи  сироят ҳайвоноти  ҳомили  вируси ҳорӣ  (саг,  рӯбоҳ, гурба,  қашқалдоқ,  ҷонварони алафхӯр)  мебошанд. Алалхусус,  ба сироятёбии  одамон   хатари бештарро  рӯбоҳ  ва  сагҳои  дайду меоранд.  Ҳайвонот  аз 3-10 рӯз  пеш  аз пайдо шудани  нишонаҳои  беморӣ сироятёфта  ба  ҳисоб мераванд.  Дар  мавриди ба ин беморӣ дучор шудан маркази  асаб  осеб меёбад,  ки  барои одам  марговар  аст.  

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Автор: admin от 13-06-2019, 13:38

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

  Мардум рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро ба ҳукми таърих вогузошта, рӯ ба ободонию созандагӣ, бунёди пояи зиндагии шоиста ниҳодаанд. Мардуми ба ваҳдатомада шукронаи сулҳу амонӣ карда, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, яъне аз маркази шаҳру навоҳӣ то дурдасттарин деҳаву маҳалла корҳои ободониро вусъат бахшидаанд.


Назад Вперед
Наверх
 

xx
xx
xx.
xx