Санаи 27 феврали соли ҷори дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии раиси ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло бо сармоягузорон ва соҳибкорон доир гардид. Дар вохурии мазкур 220 соҳибкор иштирок намуда, масъалаҳои рушди соҳаи соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 10 иншооти таъиноти гуногун аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда истодаанд, ки соли равон ба истифода дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон соҳибкорон оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳия корҳои ободониву чароғонкуниро анҷом дода истодаанд. Дар назар дошта шудааст, ки соли оянда вобаста ба таҷлили ҷашни Наврузи байналмиллалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боз иншооти дигари иҷтимоӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Санаи 25 феврали соли 2020 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохурии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, №30 Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ №44 Абдусаломзода Анзурат Абдусалом бо пешниҳоди барномаи пешазинтихоботи номзадҳо баргузор карда шуд.
Дар вохурӣ атрофи масъалаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу суббот, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва зина ба зина таъмин гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар суҳбат гуфтугузор карда шуд. Интихобкунандагон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон
Бахшида ба эълон гардиданисолҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони “Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳанг миллӣ”. Санаи 25 феврали соли 2020 дар қасри фарҳанги шаҳри Кулоб баргузор гардида, ҳунармандони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳунарҳои мардумии худро ба марази тамошо гузошат, муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ аз ин намоиш дидан намуданд. Ва сипас пас аз форуми мазукр аз ҷониби муовини раиси вилоят ба ҳунармандон сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманд тӯҳфа намуданд.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Санаи 21 феврали соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло баромад намуда, Артиши миллиро сипари боэътимоди Ватан ва рукни асосии давлатдории милли арзёби кард. Дар чорабини ба як қатор фаъолон, афсарон, ҷанговарони башардӯст ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Инчунин, ба раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз номи комиссари ҳарбии ноҳия Сипоснома барои ба таври доимӣ мусоидат намудан дар иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ супорида шуд. Ҳамзамон дар чорабини ба ғолибони озмуни "Ватанпарвар", ки аз тарафи бахши кор бо ҷавонон дар ҳамкори бо Комиссариати ҳарбии ноҳия миёни ҷавонони то синни хизмати ҳарби баргузор гардида буд, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва ансамбли “Балх” барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Азназаргузаронии текникаи кишоварзӣ ҷиҳати омодаги ба кишти баҳорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
ОМОДАГИИ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ДАР ПЕШИСТОДА
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба муҳимияти баргузории Интихобот корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ бурда истодаанд.
Интихоботи дар пешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотдар ҳамкорӣ бо Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ тибқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронилани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинони ноҳия суҳбату вохуриҳо ва омодагӣ гузаронида истодаанд.
СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ҶОНИБ ДОРЕМ
Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 қайд карданд, ки имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дастиёрӣ дароз карда саховату ҳиматбаланди ибратомӯз нишон додааст.