Пешгири аз бемории Коронавирус COVID - 19 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати иҷрои амри раиси ноҳия аз 3 марти соли 2020, №18 Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Инчунин аз тарафи гурўњи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини соҳаи тибби ноҳия, дар ҳамкорї бо масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот , ташкилоту муассисаҳо, дар назди бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятї, дар бораи пешгирї намудани бемории Коронавирус, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва усулҳои безараргардонии он чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Чорабинии ҷашни байналмилалӣ “Наврӯз – 2020” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Санаи 23 марти соли 2020 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Љалолиддини Балхї “Наврӯзи байналмилалӣ – 2020” баргузор гардид. Дар ин чорабинї раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии иди баҳор самимона табрик намуд.
Инчунин дар ин чорабинии мазкур аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор фаъолон сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Сипас аз тарафи бахши фарҳанги маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноҳия барномаи фарҳангї пешкаш карда шуд.
Омодаги ба ҷашни “Наврӯзи байналмилали – 2020” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар сатҳи баланд гузаронидани чорабини “Наврӯзи байналмилали – 2020” тайёри ҳамаҷониба дида истодааст.
Санаи 16 марти соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъвати шашум баргузор гардид.
Рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин:
Санаи 14 марти соли 2020 аз тарафи бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњия дар якчояги бо чамоатхои шахраку дехот ва ташкилоту муассисахои нохия дави наврузи ва марафони велосипедрони бахшида ба тачлили чашни «Наврузи байналмилали – 2020» дар маркази ноњия баргузор гардид. Дар чорабини мазкур 2500 нафар иштирок намуда, ки аз инхо 150 нафарашонро бонувон ташкил дод. Инчунин марафони велосипедронхо 100 нафар иштирок намуданд.
«Роҳ ва усулҳои пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон»
Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, бо доир кардани ҳамоишҳои сатҳи баланд омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва муборизаи самарабахш дар ин арса ифода менамояд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохури бо донишҷудухтароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил менамоянд баргузор гардид. Ба онҳо туҳфаҳои молияви дар ҳаҷми ҳар кадом ба маблағи 150 сомони расонида шуд.
Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба гирдиҳамои даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷӣ бунёд аст: ТЭТ ҲНИ. Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ки ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардаашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳандадиҳандаи Германия, бо ин роҳ такмил кунанд, зеро қонунгузории кишвари иқомат дар робита ба муҳоҷирон тақвият ёфта, ҳиҷрати бесару нуг дар шаҳрҳои асосӣ манъ карда мешавад.