http://balkhi.tj/
30-04-2020, 16:25 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ситоди

ноҳиявӣ оид ба тадбирҳои пайдоиш ва пешгирии сирояти нави Каронавирус (СОVID -19) ва пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ


      Дар ситоди ноҳиявӣ оид ба тадбирҳои пайдоиш ва пешгирии сирояти нави каронавирус (СОVID -19) ва пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ аъзои ситод иборат аз 34 нафар, ки бо қарори раиси ноҳия аз 20 апрели соли 2020 таъсис ёфта, фаъолият менамоянд, даъват шудаанд.  

       Ҳамзамон дар ситод раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони мутасадди, ки аъзои ситод нестанд, даъват шудаанд. 

Просмотров: 132  |  Комментариев: (0)
29-04-2020, 17:09 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

    Тибқи  нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш  комиссия оид ҳуқуқи кудак ва ташакули тарзи ҳаёти солим “Дар бораи иҷрои  амри раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои қарори маҷлиси ғайри навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар байни сокинони ҷамоати деҳоти Узун бо роҳи усули хона ба хона ва сухбатҳои сари роҳӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирї аз бемориҳои сироятӣ бахусус бемории Коронавирус (COVID –19)  ва бе назорат нагузоштани кудакон ва ҷалби онҳо ба китобхонї, самаранок истифода бурдани  заминҳои наздиҳавлигӣ, зиёд намудани кишти лубиёгї, нахуд, ҷуворимакка ва кишти такрорї доир намуданд.


Просмотров: 122  |  Комментариев: (0)
28-04-2020, 16:53 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАМЪОВАРИИ  ҲОСИЛИ

ПИЁЗ  ОҒОЗ ГАРДИД

      Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҷагии деҳқонии фермерии «Раъно» аввалин шуда   ба   ҷамъоварии ҳосили пиёз оғоз намуд.     

     Тавре ки Қурбоналӣ Мусоев,    раиси хоҷагии мазкур иттилоъ дод,  онҳо дар  майдони ду  гектар пиёзи навъи   «Алдава»  кишт намудаанд,  ки ният доранд   70 тонна   ҳосил бигиранд.  Онҳо барои ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намудани пиёз 150  нафар сокинони маҳалларо   бакор ҷалб намуданд,  ки  дар як   рӯз  ба  ҳар   як нафар панҷоҳ сомонӣ ва  ба миқдори панҷ   кило  пиёз медиҳанд. 

       -«Хоҷагии мо дорои чор гектар замин буда, дар ду гектар пиёз, як гектар гандум ва як гектар юнучқа кишт кардаем.   Модастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат сармашқи  кори худ  қарор  додаем. Аз ин рӯ,  ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода  бурда, кӯшиш менамоем,   ки   дар як   сол     ду-се ҳосил  ба дасторем.  Бо ин мақсад пас аз ҷамъоварии ҳосили пиёз  дар  кишти такрорӣ ҷуворимакка кишт менамоем»,  -гуфт Қурбоналӣ Мусоев.  

       Тибқи иттилои ҶамолиддинҒуломов,  Сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар   ноҳия дармайдони  318  гектар кишти пиёз гузаронида шудааст.   Ҷамъоварии ҳосили пиёз  дар ноҳия  аз рӯзи 20 апрел оғоз гардидааст.


                                                                                          Аҳмадҷон ШЕРМАТОВ
Просмотров: 130  |  Комментариев: (0)
27-04-2020, 16:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ЯКЧОЯ АМАЛ МЕКУНЕМ.

           Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи оқилона ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, нақшаи кишти зироатҳо аз ҳисоби ғалла, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка  дар заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҷамоатхои шахраку деҳоти нохия миёни занхо оид ба гирифтани ду се ҳосил аз як замин корхои таргиботию фахмондадихиро ба роҳ монда, корбари минбаъд низ идома дода мешавад.


Просмотров: 138  |  Комментариев: (0)
27-04-2020, 16:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ХИФЗИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

ВАЗИФАИ  ХАР ЯК ШАХСИ БОИМОН АСТ

      Имрўзхо барои пешгирии беморихои сирояти тамоми мардуми дунё чорахои заруриро андешида истодаанд. Беморие, ки назири онро таърих ёд надорад, беморие, ки тамоми давлатхои дунёро такон дод ва хамагонро водор сохт, ки ба мукобили  ин бемори муттахид  ва мубориза баранд. 

       Дар аксари давлатхо теъдоди фавтидагон нигароникунанда мебошад, зеро дар мархилаи  ибтидоии  пахншавии вируси  мазкур  одамон хатари  онро  дуруст ва  чидди  дарк накарда, бепарвои намуда, аз  чорахои пешгирикунанда  истифода  набурдаанд. Аз рузхои аввал бо  дарки  хатар ва  пайомадхои  чиддии ин  бемории  сирояти макомоти  ичроияи  махаллии хокимияти  давлатии  нохия як  силсила  икдомхои мухим  ва  саривактиро рохандози намуда  истодааст.

     Аз  чумла, мачмўи  чорабинихои  пешгирикунанда  ва  фахмондадихи  ба таври  дуруст  ва бо  масъулияти  баланд ба  рох  монда шудааст, ки  ин  холат пеши  рохи  пахншави ва  сироятёбии  мардумро то  имрўз  гирифтааст.

Просмотров: 156  |  Комментариев: (0)
23-04-2020, 14:01 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Аксия  таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти короновирус ҳифз намоед

       Санаи 22 апрели соли 2020, аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти короновирус ҳифз намоед”  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилотку муассисаҳо ва бозороҳои марказии ноҳия гузаронида шуда, маводҳои иттилоотию таблиғотӣ дастраси сокинон гардид. 


Просмотров: 112  |  Комментариев: (0)
22-04-2020, 14:06 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ–ИДЕАЛИ ҶАВОНОН

       Агар ба таърихи миллати тоҷик назар афканем, мебинем, ки ҳазорон нафар фарзандони  ин миллат дар овони ҷавонии худ баҳри озодӣ, бедорӣ ва рушду пешрафти халқу ватани хеш шоҳкориҳо кардаанд. Хушбахтона, чунин ҷавонони баору номуси миллат имрӯз низ  кам нестанд. Аз ҷумлаи ин гунна фарзандони миллатдӯсту ватанпарвар раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. 

      Рустами Эмомалӣ дар давоми фаъолияти кори хеш дар вазифаҳои гуногун худро  ҳамчун  мутахассиси чашмикордон,  масъулиятшинос  ва сиёсатмадори  муваффақ  муаррифӣ намуд.  Бо гузашти вақти начандон тӯлонӣ сокинони Тоҷикистон бори дигар шоҳиди корҳои  созандагиву ободкориҳои  ин роҳбари ҷавон гардиданд. Бешубҳа метавон гуфт, ки имрӯз  пойтахти Тоҷикистони азизамон- шаҳри Душанбе зеби дунё гардидааст. Созандагиву ободкориҳое, ки дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастаанд, натиҷаи фаъолияти  пурсамари раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ мебошанд.


Просмотров: 140  |  Комментариев: (0)
22-04-2020, 13:55 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Аксия таҳти унвони “Тоҷикона мепушем” дар ноњияи Љалолиддини Балхї

    Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ барои  баланд бардоштани  фарҳанги либоспушӣ,  тарғибуташвиқи  либосҳои миллӣ,  аз байн бурдани  тамоюли бегонапарастӣ суҳбату вохӯриҳо  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноњия баргузор карда шуд. Инчунин аксия  таҳти унвони “Тоҷикона мепушем” дар бозорҳои марказии ноҳия баргузор карда шуд.  Дар Аксияи мазкур  зиёда, аз 300 - адад буклетҳо ба занону бонувон  дастрас карда шуд. 


Просмотров: 135  |  Комментариев: (0)
21-04-2020, 16:46 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

      Санаи 20 - уми   апрели соли  2020  дар толори  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия маҷлиси  ҷамъбасти  тараққиёти соҳаҳои   иқтисодиёт   ва  иҷтимоиёти  ноҳия дар се моҳи соли 2020 таҳти раиси ноҳия Убайдуллои  Файзулло  баргузор гардид.   Дар   маҷлис, намояндаи  Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон  раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин, ва мовини раиси вилояти  Хатлон Фирӯза Шарифӣ иштирок  ва  суханронӣ намуданд.

      Сипас муовини якуми  раиси  ноҳия, Абдуллоев Тағой,  муовини  раиси ноҳия Бегмуродзода  Файзиддин ва Абдусаломзода Анзурат  маърўза  намуда, дар  бораи  фаъолияти соҳаҳои  иқтисодиёт   ва  иҷтимоиёти  ноҳия    ҳисобот  доданд. 

         Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбасти ба як қатор роҳбарони ташилоту муассисаҳо аз тарафи раиси ноҳия барои корҳои пурмасъулияташон сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.


Просмотров: 137  |  Комментариев: (0)
18-04-2020, 18:28 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«Роҳ ва усулҳои пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир, бахусус  терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон»

      Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имруз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, б доир кардани ҳамоишҳои сатҳи баланд омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва муборизаи самарабахш дар ин арса ифода менамояд

         Қабул ва тадбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла соли 1999 Қонуни ҶТ Дар бораи мубориза бар зидди терроризм  ва соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм  қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм боназардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

         Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26-декабри соли 2019 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намуданд, ки «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии  ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имруз баъзе сисёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.

         Раванди номатлуби ба гуруҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гуруҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале «Дар тулии таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

         Даркиин нуқта зарур аст, ки идеалогияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имруз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. Зеро ҳалли низомии ин масъала ҳануз хеле нокифоя мебошад.

         Имруз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додаст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳи муҳоҷират ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк  ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд маҳаки асосии мафкураи миллии ҷавонони мо бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардболо мегузорад, хеле муҳим аст.

         Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеалогияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.

         Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомузии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарузаро тақозо менамояд.

         Татбиқи босамари Қонуни ҶТ «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дуст доштани ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо истифодаи нақши зан вам одари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.

         Сиёсати муваффақи  Тоҷикистон имруз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозоменамояд.

         Аз ин ру, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо даст удили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандустии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ Пешвои мазами худ ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.

          А. Абдусаломзода 

Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ      



Просмотров: 147  |  Комментариев: (0)