Календар
«    Май 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
29-05-2020, 08:16 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

АСАЛ – ДАВОИ САД ДАРД

       Асал аз ҷумлаи беҳтарин маҳсулоти ғизоӣ ва табобатӣ буда, барои солимии организми инсон нақши калон мебошад. Бинобар ин, олмони соҳаи тиб асалро давои сад дард гуфтаанд.

      Сокини Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳия Қобилҷон Нурматов ин гуфтаҳоро ба хубӣ дарк намудааст. Барои ҳамин ӯ аз соли 2008 ин ҷониб дар қитъаи замини наздиҳавлиги ба занбӯрпарварӣ машғул буда, яке аз беҳтарин занбӯрпарварон ба шумор меравад. Барои Қобилҷон Нурматов занбӯрпарварӣ касби бобоӣ мебошад. Ӯ нозукиҳои занбурпарвариро аз падараш Эгамбердӣ ва бобояш Нурмуҳаммад омӯхтааст. Инак, давоми 12 сол аст, ки мустақилона ба занбӯрпарварӣ машғул аст. Қобилҷол дар ҳавлии худ 6 – оилаи занбӯри асалро парвариш менамояд. Ӯ мегӯяд, ки барои оилаи онҳо занбӯрпарварӣ манбаи даромади иловагӣ мебошад.

           Дар замини наздиҳавлигиамон, ки 29 сотих мебошад, ҳам боғи дарахтони гуногун дорем ва ҳам маҳсулоти гуногунро кишт карда, аз онҳо фоида ба даст меорем. Барои занбӯри асал дарахтони боғи худамон кифоя аст, ки аз гули онҳо истифода мебаранд. Мо аз 6 – оилаи занбӯри асал дар як сол ду маротиба моҳҳои май ва декабр ҳамагӣ то 100 кг асали тоза мегирем, ки аз ин ҳам оилаи худамонро таъмин карда, зиёдатиашро мефурӯшем, - иброз  медорад Қобилҷон Нурматов.

          Солҳои охир дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳаи занбӯрпарварӣ рушд карда истодааст. Тавре, ки сарзоотехники раёсати кишоварзии ноҳия Тулқинҷон Ёрматов иттилоъ дод, айни замон дар ҳудуди ноҳия 12 хоҷагии занбӯрпарвар ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 101 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Ба гуфтаи Тулқинҷон Ёрматов занбӯрпарварони ноҳия соли гузашта 3 тонна асали тоза истеҳсол намуданд. Дар соли 2020 бошад аз 3 тонна зиёд асал ба даст оварданианд.

                                                                                                         А. ШЕРМАТОВ


Просмотров: 23  |  Комментариев: (0)
28-05-2020, 10:45 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҲИФЗИ САРҲАД – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД


       Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дошту дорад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад.

       Мардуми Тоҷикистон солҳои вазнинро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар ин муваффақиятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум ба ҳисоб меравад.

     Давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст,  дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.


Просмотров: 24  |  Комментариев: (0)
28-05-2020, 09:23 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МОҲИПАРВАРӢ - СОҲАИ СЕРДАРОМАД

     Тибқи иттилои Тулқинҷон Ёрматов, сарзоотехники  раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳия  10 хоҷагиии деҳқонии моҳипарварӣ фаъолият мекунад. Дар ин хоҷагиҳо, ки майдони умумии онҳо  30,7 гектарро ташкил  медиҳад, моҳичаҳои навъи зағорамоҳӣ, пешона ғафси сафед ва амури сафед парвариш карда мешаванд. Дар соли 2019 моҳипарварони ноҳия ба миқдори 21 тонна моҳи истеҳсол намуданд. Имсол бошад, азм доранд, ки ин нишондиҳандаро ба 22 тонна расонанд. 

       Яке аз хоҷагиҳои моҳипарварии пешқадам дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  хоҷагии деҳқонии «Ҳомидзода» мебошад. Раиси хоҷагӣ  Абдураҳим Яқубов   буда,  хоҷагиро соли 2008  таъсис додааст.  Хоҷагии мазкур   дар Ҷамоати  деҳоти Калинини ноҳия ҷойгир буда, дар ихтиёри худ 6 ҳавзи моҳӣ   дорад, ки масоҳати умумии онҳо 11 гектарро ташкил  медиҳад.   Дар  хоҷагии  мазкур 16 нафар  аъзои оилаи  Яқубовҳо  фаъолият карда, зиндагиашонро таъмин намуда истодаанд.  Имсол 25 000   дона  моҳичаҳоро аз вилояти  Суғд оварда парвариш намуда истодаанд  . Онҳо дар як сол ду маротиба: моҳҳои  декабр ва феврал моҳиҳои парвариш намудаашонро ба фурӯш мебароранд.  Моҳипарварон соли гузашта 7,5 тонна  моҳӣ ба даст оварда, имсол ният доранд, ки истеҳсоли  моҳиро  ба  9 тонна расонанд. Барои хӯроки моҳиҳо дар масоҳаи 6  гектар  заминҳои хоҷагӣ юнучқа ва ҷуворимакка кишт карда шудааст. Ба моҳичаҳо ҳамарӯза комбикорм, орди навъи сеюм, силоси юнучқа(беда) ва ҷуворимакка дода мешавад.

А. ШЕРМАТОВ 


Просмотров: 30  |  Комментариев: (0)
27-05-2020, 14:18 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МАЪЛУМОТ

ОИД БА КОРҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС (СОVID-19) ДАР  НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ТО САНАИ 27.05.2020


     Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии каронавирус     (соvid-19) бо қарори раиси ноҳия аз 20 апрели соли 2020 № 405 ситоди ноҳиявӣ ташкил шуда, дар асоси амри раиси ноҳия аз 3 марти соли 2020 №18 дар соҳаи тандурустӣ ситоди доимӣ амал мекунад, ки масъалаҳои вобаста ба пешгирии ин сироят миёни аҳолӣ баррасӣ карда мешаванд. 

     Ситоди ноҳиявӣ 3 маротиба бо иштироки аъзои ситодбаргузор карда шуда, дастуру супоришҳо ҳамаруза ба ба шахсони мутасаддӣ вобаста шуда, иҷрои он таъмин карда мешавад. 

     Оид ба пешгирии беморӣ дар 84 деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия аз ҳисоби вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва кормандони бунгоҳҳои тиббӣ   корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аҳолӣ бо  усули фардии  хона ба хона бо  ОГАҲИНОМА таъмин шуданд.

    Ҳамзамон ба аҳолӣ зиёда аз 12850  буклетҳои тарѓиботӣ ба воситаи шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, бахш оид ба корҳои дин ва ҲХДТ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ноҳия  тақсим шуда, оид ба пешгирии ин сирояти хавфнок тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар банерҳои калонҳаҷм дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо телефонҳои боварии роҳбарони сохтори госпиталӣ, Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ (МНДСЭ)  насб карда шудааст.

 

Просмотров: 31  |  Комментариев: (0)
26-05-2020, 09:32 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба санаи 26.05.2020 аз шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия 93 нафар, ки бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ гардида буданд, ба хонаҳояшон рухсат шуданд.


         Аз санаи 30-юми апрели соли равон то санаи 26.05.2020 дар  шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия 100 нафар беморон бо ташхиси Илтиҳоби шушҳо қабул ва бистарӣ гардонида шуда, 93 нафар баъд аз се – чор рузи бистарӣ бо ҳолати қаноатбахш ба хона ҷавоб шуда, таҳти назорати духтури минтақавӣ қарор дорад. Айни замон 4 нафар дар шуъбаи сирояти таҳти назорат қарор дошта, табобат мегиранд. 

         Мутаасифона дар ноҳия 3 ҳолати фавт  низ ба қайд гирифта шудааст. 

  Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сирояти нави коронавирус (соvid-19) дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми чораҳоро амалӣ намуда,  

тамоми мутаххасисони соҳа бо фаъолон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин бемории хафнок сафарбар карда шудаанд. 


Просмотров: 35  |  Комментариев: (0)
26-05-2020, 09:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС


        Соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.

       Тавре, ки дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.

       Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиеда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд.

      Ҳамазамон, хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд.

       Сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор аз руи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

Просмотров: 28  |  Комментариев: (0)
22-05-2020, 13:39 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

МУҲТАРАМ  УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО  БА ИФТИХОРИ

ИДИ САИДИ ФИТР


Ҳамдиёрони азиз!


          Моҳи мубораки Рамазон  аз ҷумлаи суннатҳои муққадаси мардуми мусулмони мо буда, моҳи хайру саховат, сабру таҳаммул, меҳрубонию самимият ва моҳи садоқату покизагии ҷону тан ва дилу ният мебошад. 

        Мақому мартабаи моҳи шарифи Рамазон дар миёни мардумимусулмон боз аз он ҷиҳат муътабар аст, ки китоби Қуръони маҷид маҳз дар ҳамин моҳ нозил шуда, муъминонро ба роҳи ҳақ ҳидоят менамояд. 

        Яке аз шахсиятҳои бузурги дини мубини ислом Имом Ғазолӣ худшиносиро аз ҷумлаи воҷибтарин чоргонаи мусулмонӣ дониста, таъкид мекунад, ки “Ҳар кӣ худро шинохт, Худои худро шинохт”.

         Таъкидан иброз намудан бамаврид аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳангу маърифати исломӣ бояд барои худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ кумак расонад. Зеро истиқлолияти миллӣ  дари худшиносиро имруз ба руи мо боз намуда, эҳтироми ҳамаи суннату оинҳои аҷдодӣ, аз ҷумла таомули исломро бароямон воҷиб гардонд, пос доштани қадру қиммати ватандорӣ, манзалати хоку оби меросӣ, муқаддасоти давлати миллӣ ва ваҳдату ягонагиро ба ҳар фарди бедордил омузонд.

         Фазилати асосии ин иди муборак дар он аст, ки мардум ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кўмак мерасонанд. 

         Дар хотир бояд дошт, ки дар асоси ҳадисҳои Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи васаллам ҳама гуна хайру садақот, аз ҷумла садақаи Фитр, пеш аз ҳама ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону ниёзманд дода мешавад. 

Просмотров: 40  |  Комментариев: (0)
22-05-2020, 13:24 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПАЁМИ  ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

МУҲТАРАМ  УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО  БАХШИДА БА 23 МАЙ РЎЗИ  ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонони азизу саодатманд!


       Шумо - созандагони ватан ва нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлолро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барои ташаббусҳои арзандаатон ба хотири рушду пешрафти ноҳияамон изҳори сипос менамоям.

    Ҷавонон қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шуда, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳияро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.  

      Имруз аксари ҷавонони бонангу номуси ноҳия дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани илмҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илмҳои замонавиро аз худ менамоянд. Қисме бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ заҳмат мекашанд, як зумра ҷавонони ватандуст дар  сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат қарор доранд ва қисмати дигар парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ баланд мебардоранд. 

      Мо бо ин ҷавонони созандаи худ ҳамеша ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли ватанамон бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар пешрафту шукуфоии ноҳия саҳми арзишманд мегузоранд ва ба Ватан - Модари худ содиқона хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро бо сари баланд иҷро менамоянд.  

Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)
21-05-2020, 07:25 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва беморони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

     Санаи 20 майи соли 2020 туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва беморони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим карда шуд. Табибони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз туҳфаи Пешвои муаззами миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, корро дар ин самт боз ҳам ҷонок менамояд. Инчунин беморон аз иқдом ва туҳфаи Пешвои миллат хурсанд шуда, миннатдории хешро баён намуданд.


Просмотров: 41  |  Комментариев: (0)
20-05-2020, 14:31 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!



Просмотров: 41  |  Комментариев: (0)