Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
1-06-2020, 16:16 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ОРОМИЮ ОСОИШИ КИШВАР МАРОМИ МОСТ. 

      Имрӯзҳо мухолифони Ватан, ки зери чатри хоҷагонашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони ватан аз ин туҳфаи Офаридагор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд.

       Аҳли қалами вилояти Хатлон, чун ҳамаи сокинони кишвар, дар фазои амну осоиштагӣ кору фаъолият намуда, бо расонаҳои дохилӣ, хориҷӣ, шабакаҳои интернетӣ робитаҳои корию таҳлилӣ ва тахассусӣ дошта, аз ба ном “изҳорот”-и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” ва андешаҳои муғризони роҳбари ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ва думравонаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудан доранд, бохабаранд ва чунин иғвобарангезиро шадидан маҳкум мекунанд.


Просмотров: 29  |  Комментариев: (0)