Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
2-06-2020, 14:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МАЪЛУМОТ

ОИД БА КОРҲОИ ПЕШГИРӣ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС (СОVID-19) ДАР  НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӣ

ТО САНАИ 01.06.2020


         Дар ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии каронавирус (соvid-19) бо қарори раиси ноҳия аз 20 апрели соли 2020 № 405 ситоди ноҳиявӣ ташкил шуда, дар асоси амри раиси ноҳия аз 3 марти соли 2020 №18 дар соҳаи тандурустӣ ситоди доимӣ амал мекунад, ки масъалаҳои вобаста ба пешгирии ин сироят миёни аҳолӣ баррасӣ карда мешаванд. 

         Ситоди ноҳиявӣ 4 маротиба бо иштироки аъзои ситод  баргузор карда шуда, дастуру супоришҳо ҳамаруза ба ба шахсони мутасаддӣ вобаста шуда, иҷрои он таъмин карда мешавад. 

         Оид ба пешгирии беморӣ дар 84 деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия аз ҳисоби вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва кормандони бунгоҳҳои тиббӣ   корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аҳолӣ бо  усули фардии  хона ба хона бо  ОГАҲИНОМА таъмин шуданд. 

         Ҳамзамон ба аҳолӣ зиёда аз 12850  буклетҳои тарѓиботӣ ба воситаи шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, бахш оид ба корҳои дин ва ҲХДТ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ноҳия  тақсим шуда, оид ба пешгирии ин сирояти хавфнок тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар банерҳои калонҳаҷм дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо телефонҳои боварии роҳбарони сохтори госпиталӣ, Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ (МНДСЭ)  насб карда шудааст.

Просмотров: 13  |  Комментариев: (0)
2-06-2020, 14:49 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ВОХУРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

     Санаи  2 июни соли 2020  аз тарафи вакили Чамоати шахраки Балх Файзуллоева Лутфия бо интихобкунандагони худ дар кўчаи Файзали Саидов дар бораи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемории сирояти коронавирус (СOVID – 19), бо роҳи усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳи гузаронид. Инчунии ба миқдори 150 адад маводҳои иттилоотӣ ва 100 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуд. Корҳо дар ин самт идома доранд.


Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)