Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
3-06-2020, 14:58 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО МЕШАВАМ!»

       Агар ҷомеа солим бошад, давлат пеш меравад,  тараққӣ мекунад.  Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст». Бешубҳа метавон гуфт, кидар кори ҳифзи саломатии мардум духтурон саҳми беандоза доранд.  Муниса Азизбекова  ҳанӯз  аз овони кӯдаки  дар дил орзу дошт,  ки дар  оянда духтур шуда,  мисли модари меҳрубонаш - Рисолат Азизбекова, ки ӯ низ духтур мебошад, баҳри ҳифзи саломатии халқи худ  хизмат намояд.  Ҳамин орзуи нек ӯро соли 2011  пас аз  хатми муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-иноҳия  ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни  Сино бурд. Чун соли аввал аз имтиҳонҳои дохилшавӣ нагузашт, вале  рӯҳафтода нашуд.  Баръакс, барои сайқал додани савияи донишаш дучанд кӯшиш намуд.  Як  сол дар курси омодагии қаблӣ таҳсил карда,  соли  дуюм ба донишгоҳ дохил шуд.  Дар давоми таҳсил  аз омӯзгорон-беҳтарин донишмандони соҳаи тибби ҷумҳурӣ сабақ гирифт. Дар   баробари таҳсил  дар донишгоҳ ҳамзамон дар  Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистоняк  сол таҷриба омӯхт.  
Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)