Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
9-06-2020, 14:58 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

КӮМАКИ ЯКВАҚТАИНАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА СОКИНОНИ, АЗ ОФАТИ ТАБИИ ЗАРАРДИДАИ НОҲИЯИ ХУРОСОН

       Занони ташаббускори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, санаи 9 – уми июни соли 2020 аз аҳволи сокинони аз офати табии зарардидаи деҳаи Н. Асадуллоев, Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ ноҳияи Хуросон боздид намуда, ба онҳо маҳсулотҳои нони кӯмаки яквақтаина расониданд.  Инчунин дар 26 хайма бо 26 нафар оила сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, оид ба корҳои фардӣ аз рӯи усули “Хона ба хона” барои пешгири аз касалиҳои сироятӣ аз ҷумла каронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

       Ин иқдом минбаъд низ идома ёфта лар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кӯмакҳои яквақта ба зарардидагони офати табиӣ амали мегардад.


Просмотров: 22  |  Комментариев: (0)
9-06-2020, 09:09 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

САФАРИ  КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ

ХАТЛОН БА  НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


    Рӯзи 06  июни соли  2020 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни  сафари кории хеш  ба  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.  

      Сараввал раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи Маркази хизматрасонӣ ва сехи истеҳсоли бинт дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир буда, ки он аз тарфи соҳибкор Холов Б сохта шуда истодааст, дар соли 2021 ба истифода дода мешавад. Бино аз уд ошёна иборат буда, сохтмони он ба анҷом расида истодааст, дидан намуданд.

      Ҳамзамон дар деҳаи Сабзавоткорони Ҷамоати деҳоти Узун аз Маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дар шоҳроҳи байналмилалӣ ҷойгир мебошанд боздид ба амл оварданд. Дар он нуқтаҳои тиҷоратӣ, мағозаҳо ҷойгир мебошанд. Он аз тарафи соҳибкор Ҳакимова М. сохта шуда, сохтмон бо маром идома дошта дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2021 ба истифода дода мешавад.


Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)