Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
10-06-2020, 15:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

АКСИЯИ ТАҚСИМИ НИҚОБ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сирояти нави каронавирус (covid – 19 ) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо таъсиси гуруҳҳои корӣ миёни аҳоли корбарӣ карда истодаанд.

     Имрӯз аз тарафи аъзои Ситоди ноҳиявӣ мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хушвақтзода Мақсуд иқдом гирифта шуда, ба сокинони ноҳия зиёда аз 500 дона ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим гардид. Ин иқдом ҳамарӯза аз ҷониби аъзои Ситод идома ёфта, оид ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ тасмим гирифта шудааст. 

       Ба ҳолати 10 – июни соли равон дар шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳиябеморон ба ташхисиилтиҳоби шуш бистари набуда, пурра ба хонаҳояшон рухсат шуданд.

       Муддати 3 – рӯз аст, ки ба воситаи гашти хонаҳо низ беморон бо нишонаҳои гирифторшавӣ ба ин сироят дарёфт нагардидаанд. Тадбирҳои иловаги дар ноҳия бо ҷалби дигар сохтору мақомотҳои соҳавӣ идома дода шуда, ҷиҳатӣ аз байн бурдани ин сирояти марговар тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мегардад.


Просмотров: 18  |  Комментариев: (0)