Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
17-06-2020, 13:53 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

РАИСИ  МАҲАЛЛА - БОҒПАРВАРИ  ПЕШҚАДАМ


      Ҳамасола боғпарварони ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ аз дарахтони парваришнамудаашон ҳосили фаровон  ба даст меоранд.  Айни замон дар  хоҷагиҳои боғпарварони  ноҳия ҳосили   меваҷот муташаккилона  ҷамъоварӣ  шуда истодааст.  

   Аз  ҷумлаи боғпарварони пешқадам  раиси маҳаллаи  «Лоҳутӣ»-и Ҷамоати  деҳоти Ҳалевард  Шарифҷон  Мирзоҷонов мебошад. Номбурда  соли  2016дар  майдони  2гектар  боғ бунёд намуд, ки имрӯз самараи нек дода истодааст. Ин  ҷавони меҳнатдӯст  дар  боғи  худ  ниҳолони ду  навъи зардолу, се  навъи себ, олу ва шаш навъи шафтолуро парвариш намудааст.  

        Дар  инсамт ӯ  аз  рӯи маслиҳатҳои устодаш Имомиддин Олимов амал намуда, муваффақ гардидааст. Ш. Мирзоҷонов мегӯяд, ки  дар  боғ  дарбайни қаторҳои дарахтон зироатҳо,аз  қабили  нахуд, лӯбиё, мош, полезӣ ва  пахта  кишт  карда, ҳосили хуб ба  дастмеоранд.  Ш. Мирзоҷонов боварии  комил  дорад, ки агар  одам  азобу  заминҳои  зархези кишварамон  оқилона  истифода намояд, сатҳи  зиндагиашонро хуб  менамояд. 

      Аз  рӯи  гуфтаҳои ӯ  маълумамон  шуд, ки дар  деҳаи  «Лоҳутӣ» 318  оила  зиндагонӣ менамояд. Дар  ҳудуди  деҳа ҳохоҷагиҳои  деҳқонии  фермерӣ фаъолият  дошта, ҷиҳати  таъмини истиқлолияти  озуқавории  мамлакат саҳм  гузошта  истодаанд.

-Вазъияте, ки  имрӯз  бамиён  омадааст, ҳар  яки моро  водор  месозад, ки баҳри  оқилона  истифода намудани  ҳар  як  ваҷаб  замин кӯшиш  намоем.  Аз ин  рӯ, мо  бо сокинони  маҳалла  пайваста суҳбатҳо  гузаронида  муҳимияти ин  масъала  мефаҳмонем, -иброз  медорад  Ш. Мирзоҷонов.  Ӯ ҳамчунин таъкид  менамояд, ки  ҳар як  сокини  кишвар дар  ин  рӯзҳои ҳассос  аз  рӯи тавсияҳои  табибон  амал намуда, ба  корҳои   манфиатнок машғул  бошанд.                        

А. ШЕРМАТОВ


Просмотров: 13  |  Комментариев: (0)