Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
19-06-2020, 16:31 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Санаи 18 июни соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.

Давоми рӯз дар якҷоягӣ бо меҳмонон аз вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ дидан карда шуд, аз ҷумла аз ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрории зиратҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳа, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус дар ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд.


Просмотров: 16  |  Комментариев: (0)
19-06-2020, 16:26 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

          Ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», оид ба кирдорҳои ваҳшиёнаи аъзои гурӯҳи террористию экстремистӣ ва роҳбарияти ташкилоти мамнуъи Ҳизби наҳзати ислом, ки дар солҳои 90-уми асригузашта ба сари миллати тоҷик рузҳои мудҳиш, қатлу ғорат ва сарсонии зиёдро ба бор оварданд, намоиш дода шуд.   

        Ин филм бори дигар амалҳои ваҳшиёнаву хиёнаткоронаи роҳбарияти ин ташкилоти террористиро рушан собит намуда, тамошобин ба ҳадди ниҳоӣ аз ҳадафҳои манфури онҳо огоҳӣ пайдо намуданд.  Дидани манзараҳои ҳузнангезу ваҳшоният, аз байн бурдани нобиғаҳои илму ирфон ва симоҳои саршиноси ҷумҳурӣ, бо шиканҷа ба қатл расонидани мардуми бегуноҳ дар зеҳну шуури бинанда разилу касиф ва нокасу нотавонбин будани саркардагони гуруҳҳои ифротгароро бедор менамояд.

          Яқин аст, ки имруз баъзе аз ҷонибдорони ин гуруҳи ифротӣ бо ақли ҳануз тираи худ, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ худро посдори халқу миллат нишон доданӣ шуда, бо суханону пучу бемағзи худ мехоҳанд таваҷҷухи мардумро ба суи худ кашида, ҷонибдорони худро пайдо намоянд. Вале имруз мардуми андешаманди тоҷик бобардошт аз рузҳои сахту сангини солҳои мудҳиши асри гузашта чеҳраҳои аслии ин гуруҳҳои сиёсиро хуб мешиносанд ва ҳаргиз ба ҳарзаву буҳтони онҳо бовар надоранд. 

         Мо боварӣ дорем, ки ҳар як сабақи таърих барои мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла барои насли ҷавон дарси ватандорӣ аст. Ҷавонони мо созандагони фардои ватан, идомадиҳандагони анъанаи насли калонсол буда, аз саҳифаҳои таърих ва рузҳои мушкили ба сари миллати тоҷик омада сабақ мегиранд, меомузанд ва некузиштро дар мизони ақл бар мекашанд, то ки Тоҷикистон иазизу ба ҷон баробари худро бо тафаккури пешрафта ва иродаи қавӣ бозҳам шукуфон гардонанд.   

Просмотров: 20  |  Комментариев: (0)