Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
24-06-2020, 16:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ  ШАШУМ  БАРГУЗОР  ГАРДИД

   Имруз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зимни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъвати шашум масъалаи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 11- марти соли 2016 оид ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30- юмидекабри соли  2015 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» - ро мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор доданд. 

       Вакилон зимни иштирок дар музокираҳо аҳамияти рушди соҳаро ҷиҳати таъмини сабади истеъмолии ноҳия ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёби намуда, дар муҳокимарониҳо фаъолона ширкат намуданд. 

     Тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати рушди бонизоми соҳа чалби соҳибкорон дар самти сохтмони сардхонаҳои нигоҳдории меваю ангур, корхонаҳои истеҳсоли зарфҳои нигоҳдории мева, коркарди мева ва масолеҳ барои басту бандӣ зарура тдорад. 

      Ҳамзамон дар иҷлосия фаъолияти шаш моҳаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони иншооти муҳими фарҳангӣ тасмим гирифта шуд. Оид ба ривоҷи ин соҳаи ҳаётан зарур қарорҳои дахлдори вакилон қабул карда 
Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)
24-06-2020, 16:08 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРУҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ БАРГУЗОР  КАРДА ШУД

      Имруз дар ноҳияи Чалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатии гуруҳи вакилии ҳизбӣ бои штироки 38 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор кард а шуд. 

      Зимни баргузории ҷаласа роҳбари гуруҳи вакили иҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдусаломзода Анзурат масъалаи низоми иҷроияи дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштироки фаъолонаи вакилон дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дастгирии ташаббусҳои ватандустона ҷиҳати расонидани кумакҳои вакилон ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ташаббуси баргузор намудани Аксияҳои тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар давраи зуҳури бемории сироятии коронавирус (соvid-19) ва ширкати фаъоли пешниҳоди фикру андешаҳои вакилонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аъзои гуруҳҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор дод. 

        Зимни баррасӣ ва андешарониҳои вакилон тасмим гирифта шуд, ки вакилони ноҳия омодаанд дар ҳар маврид бар зидди ақидаҳои ифротии аъзои гуруҳҳои ифротӣ мубориза бурда, бо афкору андешаи солим нақши худро дар ҳифзу ҳимояти ваҳдати миллӣ гузоранд.

        Ҳамзамон вакилон ҷонибдории якдилонаи худро аз сиёсати олӣ ва муваффақи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, тасмим гирифтанд, ки зимни баргузории вохуриҳои навбатии худ дар маҳал бо мардум масъалаҳо мавриди баррасиро натиҷагирӣ намуда, иҷрои онро таъмин менамоянд. 


Просмотров: 14  |  Комментариев: (0)