Календар
«    Июнь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
25-06-2020, 12:43 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

АРЗИШИ БУЗУРГЕ, КИ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД,

ИН БАҚОВУ ПОЙДОРИИВАҲДАТ АСТ.


Андешаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон,  муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода А.


         Саодати бузурге, ки миллати сарбаланди тоҷик бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ба даст овардаааст, бақову пойдории ваҳдати миллӣ аст. Ваҳдати миллӣ, ки рукни асосии  рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад,  ба мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла ба занону бонувон имконият фароҳам овард, ки бо дарки масъулияти баланд ва ташаккули афкору андешаи миллӣ дар рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир гузоранд.  

         Ҳамин аст, ки занону модарони боиродати кишвар дар баробари садҳо нафар мардони далеру ҳушманд дар ҳифзи ин арзиши олӣ нақши бориз дошта, ҳамчун сипари боэътимод дар сафи пеши ҳимояти ин неъмати бебаҳо қарор доранд.   

         Занони андешаманди тоҷик ба он арҷ мегузоранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва боло бардоштани мавқеи занонро дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор дода,  дар ин самт як қатор асноди меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расид, ки асоси самаранокии таъмини онҳоро Конститутсияи кишвар кафолат додааст.


Просмотров: 16  |  Комментариев: (0)