http://balkhi.tj/
30-07-2020, 12:24 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

  ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   МУҲТАРАМ  УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО  БА МУНОСИБАТИ  ИДИ  ҚУРБОН


    Ҳамдиёрони азиз!


         Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон буда, воқеан барои маромҳои инсондустиву мурувват, худогоҳию худшиносӣ ва дастгириву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. 

         Ба ин муносибат Шумо ҳамватанони азизро  самимона табрику таҳният гуфта, дар хонадони ҳар яки шумо тинҷию амонӣ, хушбахтию саодатмандӣ ва пирузӣ дар кору зиндагиро  орзумандам.

         Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодат қаробат ҷустан ба Худованд мебошад, балки талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон,пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба ниёзмандону дармондагон аз зумраи беҳтарин фазилатҳои мусулмонист. Зеро фарҳангу маърифати исломӣ имкон дорад дар тарбияи ахлоқии ҷавонони мо хидмати бештаре намояд. Уламои дин ваашхоси бомаърифат метавонанд ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, дар замири онҳо инсондустию поксириштӣ, кирдори неку фазилатҳои наҷиби инсониро парвариш намоянд. 

         Дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама гуна садақоту хайр аз ҷониби  ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ва аҳолии маҳаллӣ  барои таъмини эҳтиёҷоти оилаҳои муҳтоҷ масраф мегардад, ки боиси қаноатмандӣ аст. Аз ин ру эътимодам комил аст аст, ки дар рузҳои хеле душвори хатари паҳншавии бемории сирояти короновирус (covid-19) дар Иди мубораки Қурбон низ барои мардуми муҳтоҷ, ятимон  ва ашхоси яккаву танҳо бо дастгирии сокинони саховатпешаи  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  корҳои хайру савоб анҷом хоҳанд ёфт.   

         Иди Қурбон ба 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.  Аз ин ру, мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ равона намуда, насли наврасро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем, омухтани илму фарҳангро та онҳо талқин созем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.   Бо боварии комил гуфта метавонам, ки роҳи пешгирифтаи мову шумо Тоҷикистони азизро ба суи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.  

         Бо ҳамин таманнои нек кулли мардуми ноҳия ва Шумо ҳамватанони азизро ба муносибати иди мубораки Қурбон табрик намуда, аз даргоҳи  Худованди бузург, пеш аз ҳама, тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ ва  барору комёбӣ орзу менамоям.  


         Иди  Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!


Просмотров: 18  |  Комментариев: (0)
29-07-2020, 13:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Санаи 26 июли соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. 

       Пас аз санҷишу таҳлилҳои гурӯҳи кории вилоят дар самти сошаи кишоварзӣ дар қасри фарҳангии ноҳия оид ба натиҷагирӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.

      Маҷлисро раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло кушода, қайд намуд, ки гурӯҳҳои корӣ имрӯз аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуда, ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, кишти картошка, захираи хӯроки чорво ва дигар масъалаҳоро мавриди санҷиш қарор доданд.

      Зоҳирзода У. – муовини раиси вилояти Хатлон қайд кард, ки бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои амри раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, №9  ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи хӯроки дусола, омодагӣ ба 30-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд. 

        Роҳбарони гурӯҳҳои кории вилоятӣ дар ҷамоатҳо, зимни баромадҳо доир ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда маълумот доданд. Аз ҷумла камбудиҳо дар самти омодагӣ ба кишти такрории картошка, захираи ками тухмии картошка, ҳолати пахтазор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қайд намуданд. 

       Зоҳирзода У. аз ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия пурсиш намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасогиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ҳамарӯза оид ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ситодҳои корӣ гузаронида, баҳри амалишавии нақшаи генералии шаҳраки Балх чораандешӣ намояд. Ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонӣ чораҳои таъхирнопазир андешад, соҳибкорони бурунмарзиро барои амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намояд. 

      Ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ супориш дода шуд, ки оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (СOVID-19), самаранок истифода бурдани замин, захираи тухмии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бахши аҳолӣ, амалӣ намудани корҳои ободонӣ таблиғотро пурзӯр намоянд, доир ба дуруст пешниҳод намудани ҳисоботҳо оид ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, холӣ намондани заминҳо чораандешӣ намоянд, бар зидди паҳншавии ҳашароти зараррасон тадбирҳои қатъӣ андешанд, оид ба сарчинкунии пахта чораҳои таъхирнопазир амалӣ намоянд.

        Намояндагони доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, таблиғоту ташвиқотро оид ба захираи хӯроки дусола, самаранок истифода бурдани заминҳо пурзӯр намоянд. 

       Ба бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳмонзода Ҷ cупориш дода шуд, ки байни соҳибкорони бурунмарзӣ ва дохилӣ оид ба бунёди бинову иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмонидадиҳӣ барад.  


Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)
27-07-2020, 01:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОИ КИТОБ АСТ”

     Рӯзи 23-юми июли соли 2020 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №33  даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

     Дар озмун хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва мураббиёну тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия иштирок намуданд. 

      Дар озмун 318 нафар довталаб, аз ҷумла дар номинатсияи «Адабиёти классик» - 85 нафар, дар номинатсияи «Адабиёти муосир» -72 нафар, дар номинатсияи «Адабиёти бачагона» -95 нафар, дар номинатисияи «Адабиёти ҷаҳон» - 26 нафар ва дар номинатсияи «Шоирӣ» - 40 нафар малака ва маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.

      Дар асоси хулосаи ниҳоии комиссияи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни даври ноҳиявӣ ҷамъбаст ва ғолибу довталабони пешќадамро муайян ва барои роҳхат гирифтан ба даври вилоятӣ ва гирифтани мукофоти маќомоти дахлдор пешниҳод карда шуданд. 

Раҳмоналӣ ЭМОМОВ


Просмотров: 19  |  Комментариев: (0)
23-07-2020, 12:48 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК БА КОВИШҲО ДАР МАВЗЕИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ ЛАҒМОН ОҒОЗ НАМУДАНД

    Ковишҳои тадқиқотиву бостоншиносие, ки аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 22 июни соли равон оғоз гардида буданд, то 22 июл идома хоҳанд кард.Нуриддин Сайфуллоев, роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи мазкур, зикр намуд, ки дар натиҷаи ковишҳо дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деворҳои даврони Сомониён, архитектураи сохтмони даврони Сомониён ва якчанд сафолнигораи бозмонда аз замони Сомониён, ҳамчунин шишапораҳое, ки дар ҳамон замон зарф омода мегардид, ёфт карда шуд.
       — Ҳоло моро дар ковишҳои мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доктори илмҳои таърих, профессор Хушбахт Абдуназаров, корманди хурди илмӣ Аслиддин Қараев, озмоишгар С. Сангалӣ ҳамроҳӣ мекунанд, — афзуд Н. Сайфуллоев.
           Бино ба иттилои манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб додаанд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар фосилаи ду километр аз ҳамдигар дур ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номбар шудаанд.
            Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард, дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, наздикии деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти “Узун” ҷойгир шуда, масоҳаташ 42,5 гектарро ташкил медиҳад.
         Ба қавли бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзиаш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.

Просмотров: 27  |  Комментариев: (0)
18-07-2020, 14:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ГУРУҲИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФРУНЗЕ

       Санаи 18 июли соли равон бо роҳбарии муовини раиси Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии бемории сирояти нави коронавирус дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Фрунзе гурӯҳи корӣ ташкил шуда, дар он мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳия, масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, кормандони ҷамоат ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд. Муовини раиси Ситод ба ишитирокдорон дастур доданд, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Фрунзе сӯҳбат гузаронида, ба онҳо ниқобҳои муҳофизати тақдим намоед.

          Зиёда аз 500 адад ниқоб ба шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Фрунзе пешкаш гардонида шуд. Ин тадбирҳо минбаъд низ идома дошта, назорати пушидани ниқобҳои тиббӣ пурзур карда мешавад.


Просмотров: 23  |  Комментариев: (0)
11-07-2020, 09:37 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

   ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАРАФИ РАИСИ НОҲИЯ

     Санаи 11 июли соли 2020 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи раиси ноҳия қабули шаҳрвандон баргузор карда шуд.

      Дар қабули шаҳрвандон 19 нафар муроҷиаткунандагон иштирок намуда, мушкилоти худро арз намуданд. Дар қабули шаҳрвандон бевосита муовини якум, муовинони соҳавии раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.

      Арзи шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия шунида шуда, ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳо доданд.


Просмотров: 36  |  Комментариев: (0)
10-07-2020, 10:16 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ҷамбасти шашмоҳа

      Санаи 9-уми июли соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  ҷаласаи  ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию  иқтисодииноҳия    дар  нимсолаи аввали соли 2020   баргузор  гардид.

       Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони раиси ноҳия  дар бораи фаъолияти соҳаҳои  иҷтимоию иқтисодии  ноҳия дар шаш моҳи сипаришудаи   соли 2020  ҳисобот  доданд. Сипас  раиси ноҳия суханронӣ намуда, бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро мавриди  таҳлил қарор дода, аз масъулин пурсиш ба  амал овард. Раиси  ноҳия ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо ва дигар масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва  ноил  шудан ба  дастовардҳои баланди меҳнатӣ  дастуру супоришҳои мушаххас   дод. Дастуру супоришҳо ҳамчунин, доир  ба ҷоннок намудани корҳои бунёдкориву созандагӣ, вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, пурзӯр  намудани  тадбирҳоип ешгирии  бемории сироятии коронавирус (Сovid-19) ва дигар масъалаҳои мубрами  рӯздода  шуданд.   
Просмотров: 34  |  Комментариев: (0)
9-07-2020, 10:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      ВОҚЕЪИЯТИ ТАЪРИХ ВА ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ

         Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ як давраи гузариши шадидеро аз сар гузаронд, ки дар саҳифаҳои зарҳалини таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд.

        Ин давраро метавон давраи торикӣ ва зулмот номид ва он аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки ба душманони худ ноандешидаву нодида боварӣ карданду зери нияти разилонаву золимонаи онҳо амалҳои нопокро анҷом доданд.

         Ин гуна афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро аз роҳ бадар намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. 

    Қариб тамоми мардум- тоҷикону тоҷикистониён ба ояндаи худ боварӣ надоштанд ва ноумедиро дар дил парвариданд.

    Дар он лаҳзаҳо неруҳои зиёди дохиливу берунӣ баҳри ба даст овардани ҳукумат талошу кӯшишҳои зиёдро ба харҷ доданд. Кӯшишу талоши онҳо ба таври истисморӣ ва зулмоварӣ сурат гирифт ва шаҳодати ин гуфтаҳо наворҳое мебошанд, ки он давраҳоро равшан ва дақиқ таҷассум мекунад.

     Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.



Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)
8-07-2020, 15:29 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ГУЗАРАД СОАТИ ДУШВОР, ВАТАНРО МАФУРӮШ”

      Санаи 7 – июли соли 2020 дар толори Қасри фарҳангии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ амалӣ таҳти унвони “Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш”, андешаҳо оид ба хиёнаткориҳои наҳзат дар филми мустанади “Хиёнат” баргузор гардид.

    Пеш аз ифтитоҳи кори конференсия дар толор филми мустанади “Хиёнат” ба иштирокчиён намоиш дода шуд.

     Дар конференсия кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон, занон, муовинони соҳаи иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва қисман панҷвақта ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд. 

       Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода А ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории конференсияро ба ҳозирин шарҳ дод. 

     Иштирокчиёни конфронс аз хиёнаткориҳои наҳзатиён, ки дар филми мустанади “Хиёнат” рушан возеҳ, гардидааст, суханрони намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба дуруғу ҳарзаи гуруҳои террористию экстремисти бовар накарда, насли наврасро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд ва барои таъмини зиндагии арзанда аз шароиту имкониятҳо босамар истифода номоянд.


Просмотров: 34  |  Комментариев: (0)
4-07-2020, 16:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИ НАВИ КАРОНАВИРУС ДАР БОЗОРҲОИ МАРКАЗӢ ВА   ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

       Санаи 4 июли соли равон аз тарафи шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар бозорҳои марказӣ ва ҷамоатҳои шараку деҳоти ноҳия сӯҳбатҳои сарироҳӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати пешгирӣ воридшавӣ ва паҳншавии бемории сирояти коронавирус ҳимояи худ ва атрофиён аз ин беморӣ, риояи қатъии қоидаҳои гигиениву санитарӣ ва пушидани ниқобҳои тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. 

          Зиёда аз 250 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ин чорабинӣ фаро гирифта шуда, ба корҳои тарғиботӣ ҷалб шуданд. Ин тадбирҳо минбаъд низ идома дошта, назорати пушидани ниқобҳои тиббӣ пурзур карда мешавад.
Просмотров: 44  |  Комментариев: (0)