http://balkhi.tj/
1-07-2020, 13:37 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ!


        Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарҳо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

        Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст. Бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1999 ва 8 декабри соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул намудааст. Бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию ифротист. 

Просмотров: 43  |  Комментариев: (0)