http://balkhi.tj/
2-07-2020, 15:39 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ЛАҒМОН -  МАВЗЕИ ТАЪРИХӢ 


    Дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи шуъбаи бостоншиносии институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадқиқоти бостоншиносӣ оғоз ёфт. 

         Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, дар наздикии деҳаи Иттифоқи  ҷамоати деҳоти Узун ҷойгир шудааст. Якумин маротиба соли  1875дар бораи  ин  қалъамаълумот пайдо шуда буд. Дар маълумотнома мушаххас, олимон перомуни гузаргоҳ  ба воситаи Вахш дар наздикии харобаҳои қалъаи қадимаи Лағмон, наон  қадар дуртар аз  шаҳри Бохтари ҳозира ёд кардаанд. Дар харитае, ки ҳамон вақт тартиб дода шуда буд,дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқтадар  масофаи  2 км дуртараз  якдигар ҷойгир шудаанд,  кияке  Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номгир карда шудаанд. 

        Шаҳрак тахмин чоркунҷа буда, майдони боқимондаи  он  42,5 гектарро ташкил медиҳад. Шаҳрак чор дарвоза дошт. Дарвозаҳо механизми мураккаб дошта, бо манораҳо мудофиа  карда  мешуданд. Вале дақиқан муайян нест, ки  дар  куҷо дарвозаҳо ҷойгир буданд. Дар  айни ҳол нишонаҳои дарвозаҳо  дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзӣ хеле тараққикарда  ба  ҳисоб рафта,  маркази минтақаи азими кишоварзӣ  буд. Дар  соли 1221 шаҳрак аз ҷониби чингизиён забт карда шуда буд...


Просмотров: 42  |  Комментариев: (0)