http://balkhi.tj/
31-08-2020, 06:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

АГАРҲОИ «ИСЛОМ»-ИСИЁСӢ

     Азбаски аксари мухолифини идеологии мо ашхоси таҳсилнодида ва дар сиёсат ноозмудаанд, роҳи муборизаҳои сиёсии пешгирифтаи онҳо низ ба «ҷанҷолҳои занҳои бозорӣ» шабеҳ аст. Онҳо ки дур аз кишвари моанд ба худ иҷозат медиҳанд, ки ҳар чи ба даҳонашон меояд, бе он ки дар доираи ахлоқ, маърифат, дин, сиёсат, ва одамгарӣ будани онро дақиқ бисозанд, эҳсос намоянд, дар ин фазои бесоҳиби маҷозӣ онро пахш мекунанд. 

         Кас дар тааҷҷуб меафтад, ки чаро онҳо бо бехудоии хос, аз номи Худо ё ба ҷои ислом ва шариат ҳукм мекунанд. Нафрат кина таҳқир, таҳдид, таассуб, ва ҳарчи ки дар ботини онҳост, чун ҳақиқат ба мардум пешниҳод мекунанд. Онҳо мутмаинанд, ки аксари аҳолӣ бесавод ва каммутолиа буда, чун солҳои қадим сухани мулло барояшон ҳукм аст. Вале сахт иштибоҳ мекунанд. Имрӯз ҷомеаи мо дигар ниёзманд ба панду амри маъруфи чор ришакӣ нестанд. Ин сатҳи суҳбатҳои мухолифин, мутаассифона, ҳеҷ гуна таъсире ба ақли солим надоранд, зеро худ суҳбати илман асоснок ва бо далелу бурҳони қотеъ нестанд. Замоне, ки онҳо нафареро кофир, мунофиқ, чоплус, бенамоз, дӯзахӣ, даюс ё ҳукми дигаре мекунанд, намеандешанд, ки кӣ ин ҳақро ба онҳо додааст? Вале онҳо бо чунин таҳқиру туҳмат гуё муборизаи сиёсӣ мебаранд. 


Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)
28-08-2020, 15:01 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

СИТОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТӢ НАВИ КОРОНАВИРУС (COVID – 19) ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

            Санаи 28-уми августи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси Ситоди ноҳиявӣ Абдусаломзода А ва аъзои ситоди ноҳиявӣ оид ба  пешгирии бемории сироятии коронавирус (СОVID-19) ситод баргузор гардид. 

         Дар ситоди ноҳиявӣ аъзои ситод, намояндагони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ, роҳбарони беморхонаҳои рақамӣ, МСД ва бунгоҳҳои тиббӣ, намояндагони бозорҳои ноҳия, нашрияи ноҳиявии “Навиди Балх”, муовинони соҳаи иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва сармутахассис оид ба корҳои дини ҷамоатҳо иштирок намуда, дар бораи   вазъи эпидемологии ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати паст кардани хатари таҳдиди бемории сироятии коронавирус мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

        Вобаста ба баррасии масъала ба ҳамаи намояндагони соҳаи тандурустӣ,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дода шудки аз рӯи харитаи дар ситодҳои ҷамоатҳои

 шаҳраку деҳот ташкилшуда фаъолият намояндГузаронидани корҳои профилактикӣ, 

дизинфексионӣ ва безараргардонӣ,  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳонақлиёт ва хонаҳои истиқоматӣ аз тарафи шуъбаи дизинфексияи ноҳия дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия хуб ба 

роҳ монданисбати масъалаи зикргардида диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

         Аъзои ситоди 

ноҳиявӣ баҳри бартараф намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ, интиқол ва пайдлоиши 

сирояти нави коронавирус аз тамоми имкониятҳои маҷуда истифода намудакорро дар

 ин самт ҷоннок менамояд. Масъалаи мазкур пурра таҳлил карда шуда, ситод қарорҳои 

дахлдор қабул кард

Просмотров: 32  |  Комментариев: (0)
28-08-2020, 07:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МЕДАЛИ  ШАФқАТ МУБОРАК!

      Рўзи 18 август бо Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ» ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ - Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали шафқат ва Ифтихорномаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

          Дар қатори дигар фаъолони соҳа Асозода Саид Асо-директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи ҷалолиддини Балхӣ низ ба гирифтани мукофоти давлатӣ медали Шафқат мушарраф гардид.

          Асозода Саид Асо таҷрибаи беш аз 40-сола дошта, баҳри ҳифзи солимии ҷомеасаҳми арзанда гузошта истодааст. Хизматҳои шоёни ўро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ин мукофот қадрдонӣ карданд.

         Асозода Саид Асоро ба муносибати сазовор гардидан бамедали шафқат табрику таҳният намуда, дар фаъолияти пурмасъулияташон мувафақиятҳои бештарро таманно мекунем.

«Навиди Балх»




Просмотров: 36  |  Комментариев: (0)
27-08-2020, 12:39 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
    Истиқлолият-неъмати бебахост
  Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
         Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, неруву зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
        Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.
Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)
27-08-2020, 07:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Интихобот - муҳимтарин маъракаи сиёсӣ 

        Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки гурӯҳи кории комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

     Дар семинар гурӯҳи кории Комиссияи марказӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират -…, Сафарбекзода Муиддин -доцент, декани факултети донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Ғуломов Меҳроч –роҳбари гурӯҳи ҷавонони авангарди вилояти Хатлон иштирок намуданд.

         Хидирзода Махфират иброз дошт, ки интихобот - муҳимтарин маъракаи сиёсӣ буда, он бояд дар сатҳи баланд баргузор карда шавад. Аз ин рӯ аъзои комиссияҳоро зарур аст , ки дар ин сатҳ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монанд. 

       Дар  семинар омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла ваколати комиссияи интихоботӣ, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, тартиби овоздиҳӣ, ҷадвали навбатдорон дар ҳавзаи интихоботӣ, ба таври дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, овезаҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба интихоботи дар пеш истода мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Нозанин ШОДИЕВА
Просмотров: 36  |  Комментариев: (0)
27-08-2020, 07:38 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

АРЗИ  СИПОСУ МИННАТДОРӢ 

БА ҚАҲРАМОНОНИ  САФЕДПӯШ

      Ҳашт моҳ мешавад,  ки  кишварҳои ҷаҳон   бар  зидди бемории  Covid-19  мубориза бурда истодаанд. То имрӯз миллионҳо нафар  ба ин беморӣ  гирифтор шуда,  садҳо ҳазор одамон  ҷони худро  аз  даст доданд. Мутаассифона,  қадами номубораки коронавируси нави Covid-19  ба ҷумҳурии мо низ  расида, ба садҳо тан аз ҳамватанонамон сироят кард. Имрӯз  дар хатти пеши мубориза бар муқобили ин беморӣ  табибон қарор   доранд. Онҳо ҷони  худро зери хатар гузошта, барои наҷоти ҷони  дигарон талош  меварзанд.  Табибони ҳозиқ рисолати касбӣ ва инсонии худро иҷро намуда, баҳри ҳифзи саломатии сокинон  кӯшиш намуда  истодаанд. Духтурони ноҳияи мо низ чун дигар ҳамкасбонашон аз  ин   имтиҳони вазнин   бо  сарбаландӣ гузашта  истодаанд…  

Просмотров: 34  |  Комментариев: (0)
25-08-2020, 14:50 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НАҚШИ АҲОЛӢ ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ


         Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки худ пур аз таззоду мушкилиҳо ва ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши терроризму экстремизм, ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон воқеан ҷойи нигаронист.

       Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад, ки онро дар асоси қонунҳои дар ин самт қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом медиҳад.

        Ба таври махсус таъкид бояд дошт, ки нисбат додани терроризму эктремизм ба дини ислом ва шариати исломӣ, ривоят овардан аз ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ва ҳамчун далел асоснок намудани амалҳои ифротӣ ё ба ҳар навъе алоқаманд донистани ин омилҳои номатлубу нанговар ба дину мазҳаб хатои бузург аст. Терроризму эктремизм ҷузъе аз сиёсати абарқудратҳост, ки барои амалисозии ҳадафҳои худ ва ҳамчун тиҷорати бузург дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд анҷом медиҳанд.

       Бояд гуфт ки дар самти пешгирии омилҳои ифротгароёна ва оқибатҳои он миллат дар сурате пирӯз шуда метавонад, ки агар аксарияти аҳолии кишвар маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиву фарҳангӣ дошта, пеш аз ҳама, дар риояи меъёрҳои қонун ва нишон додани амалҳои шоистаи инсонӣ ҳар яке намуна бошанд.
Просмотров: 37  |  Комментариев: (0)
24-08-2020, 02:42 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ВАБОИ АСР

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои ҳамасолаи худ, доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм-экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидаи вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Дар ҳақиқат, ин ҳолатро дар Шарқи наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст. Фаъолшавии онҳо дар ҳамсоя кишваримо Афғонистон низ вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Ҷангиёни «Давлати исломӣ» инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, саругӯши биниашонро мебуранд. Ҳатто, мошоҳиди он шудаем, ки ҷанги «Давлати исломӣ» модари худро ҳам дар назди оммаи одамон ба қатл расондааст, ки ин ваҳшоният чеҳраи аслии ҷангиёни ин давлатро нишон додааст.

Просмотров: 35  |  Комментариев: (0)
21-08-2020, 13:47 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ОҒОЗИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

    Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дуввумин муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бо сарпарастии Муассисаи Муҳаммад  бин Рошид  барои  корҳои хайриявӣ ва башардӯстонаи Аморати  Мутаҳидаи  Араб сохта  мешавад.  

    Дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони муассисаи таълимӣ  намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон»,   муовинони раиси  ноҳия, масъулони соҳаи маориф  ва сокинон иштирок  доштанд.

         Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ барои кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  мешавад. Муассисаи  таълимӣ  аз ду  ошёна   ва даҳ  синфхона иборат буда, бо шароити муосири таълими сохта шуда,  дар ду  баст 480  нафар хонандаро  ба таълиму тарбия фаро хоҳад гирифт. Ҳамчунин,  дар  муассиса хобгоҳ  барои 105 нафар  бо тамоми шароити зист  пешбинӣ шудааст. 

        Маблағи лоиҳавии  сохтмони муассисаи таълимӣ  нӯҳ миллион сомониро дар бар гирифта,  аз ҷониби Муассисаи Муҳаммад  бин Рошид барои  корҳои хайриявӣ ва башардӯстонаи Аморати  Мутаҳидаи  Араб маблағгузорӣ  карда мешавад. 

       Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин муассисаи таълимӣ мебошад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ   аз ҷониби  Ташкилоти мазкур  сохта мешавад. Қаблан дар Ҷамоати деҳоти  Узун  як муассисаи  таълимӣ  сохташуда  буд.

Абдусаид ГУЛОВ


Просмотров: 28  |  Комментариев: (0)
21-08-2020, 13:28 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ

ХАТАРЗОРО ТАҚВИЯТ БАХШЕМ

         Имрӯзҳо зуҳуроти номатлуби терроризму экстримизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, он дар саросари олам ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст. Сабаби ифротгароӣ ва терроризми исломӣ ном гирифтани ин падидаи хатарзо дар он мебошад, ки иддае аз гурӯҳҳои ҷинояткору худхоҳ ва аз асли ислом бегона ба мисли ҷараёнҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, Ҳизб-ут-таҳир, Ҳизбуллоҳ, Ал-қоида, Салафия ва ғайра ҷиҳати татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ истифода мебаранд. Онҳо даъвои пуштибонӣ аз ислом ва мусалмононро пеш оварда, аслан барои амалӣ сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва хоҷагони хориҷиашон талош менамоянд. Ташкили ҳизбу ҳаракатҳо зери ливои ислом саросар шарру иғво аст. Пайравӣ ба маҳзаби ҳанафӣ ин беҳтарин ва ботаҳаммултарин усули бартараф намудани чунин тундравиҳо ва зиёдаравиҳост. 

         ДИИШ ҳосили сиёсатҳои номашруъи давлатҳои манфиатхоҳ мебошад, ки имрӯз ба мушкили рақами яки ҷаҳон табдил шудааст. Як чиз мусаллам аст, ки ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳо пайваста, қобилияти таҳлил кардани авзоъ ва шинохтани воқеияти ин ҳаракатро надоранд. Бидуни он, ки анҷоми масири ДИИШ  тамоюл ба бунбаст,  ё бо забони ба аксарияти онҳо фаҳмо «тупик» дорад. 
Просмотров: 24  |  Комментариев: (0)