http://balkhi.tj/
2-09-2020, 00:16 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ОҒОЗИ ПАХТАЧИНӢ

      Санаи якуми  сентябри соли 2020 раиси  ноҳия Убайдуллои Файзулло ҷиҳати шиносоӣ  бовазъи кор дар хоҷагиҳои кишоварзии  ноҳия,  аз мавсими  пахтачини  деҳқонон дидан  намуда, ба деҳқонон  ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили  дастранҷи хеш тавсияҳои зарурӣ доданд.  

       Раиси ноҳия  Убайдуллои  Файзулло аз пахтазори хоҷагии ба номи «Сафар Ҷумаев» Ҷамоати деҳоти Узун ва хоҷагии ба номи «Исанқулов»  дидан карда, бо роҳбарият ва деҳқонони асили хоҷагӣ аз наздик суҳбату мулоқоти судманд анҷом дод. 

     Имсол деҳқонони хоҷагии Сафар Ҷумаев  дар  майдони 1300 гектарпахта  кишт  кардабуданд,  чиниши  пахтарооғоз  намуданд. 

            Иинчунин аз хоҷагии  ба номи  Исанқулов дар  майдони  250 гектар пахта кишт карда шуда буданд, ҳосили ҷамъоварии пахтаро оғоз намуданд, раиси  ноҳия Убайдуллои  Файзулло ба кишоварзон  тавсия доданд, ки дастранҷи меҳнати худро бо сифати баланд ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супоранд.

             Муовни раиси ноҳия Абдулоев Тағой иттилоъ дод пахтакорони  дигар хоҷагиҳои ноҳия низ ба ҷамъоварии ҳосил оғоз намуданд. Имсол пахтакорони ноҳия ният доранд, ки хирмани 22118 тоннаи «тиллои сафед» бунёд намуда, аз ҳар гектар 22,6 сентнерӣ ҳосил ба даст  гиранд. 


Аваз Сафаров – мутахассиси пешбари шуъбаи 

рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия



Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)