http://balkhi.tj/
4-09-2020, 15:11 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ПАДИДАИ  ТАЪРИХӢ АСТ

  Охири асри XX  ва ибтидои  асри XXI давраи  таърихиест, ки дар ҳаёти  халқи тоҷик  нақши  тақдирсоз бозидааст. Ин  давраи  таҳкими Истиқлолият, ривоҷу  пешрафти  илму техника,  замони  худшиносӣ ва  инкишофи  ғояи миллӣ  буда,  барои ватансозии  мардуми  тоҷик роҳ  кушод.  

      Соҳибдавлат будан барои  ҳар  як  халқу  миллат неъмати  бузургест,  ки назди  фарзандони  он вазифаҳои  масъулиятнокро  мегузорад. Фарзандони  ҳар  як миллат  бошанд  ватансозӣ, гулгулшукуфонии  забону  фарҳанг, илму  тамаддуни  миллии худро  вазифаи  муқаддаси худ  медонанд.  Маҳз бо  ҳамин 

 усул онҳо  метавонанд  барои ояндагон  ватанро  озоду обод  нигоҳ  доранд. 

     Истиқлолияти давлатӣ неъмат ва дастоварди беназири таърих астИн арзиши бузурги таърихӣ  рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои он  мебошад.

        Аз ин санаи муқаддас  29 сол сипарӣ гардид.  Ин ҳуҷҷати арзишманди таърихӣ, ки барои рушди минбаъдаи давлатдории миллати худшиноси тоҷик асоси воқеӣ гузошт, дар роҳи расидан ба ҳадафхои олии давлатдорию давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаи боэътимод гардид. 

Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)