http://balkhi.tj/
7-09-2020, 13:35 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ!

        Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарҳо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

        Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст. Бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1999 ва 8 декабри соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро  қабул намудааст. Бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2018» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию ифротист. 

Просмотров: 24  |  Комментариев: (0)
7-09-2020, 13:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НАМОИШИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ «ХИЁНАТ» ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши филми мустанади «Хиёнат» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ идома дорад. 

      Ин филм бори дигар  амалҳои ваҳшиёнаву хиёнаткоронаи роҳбарияти ин ташкилоти террористиро рушан собит намуда, тамошобин ба ҳадди ниҳоӣ аз ҳадафҳои манфури онҳо  огоҳӣ пайдо намуданд.  Дидани манзараҳои ҳузнангезу ваҳшоният, аз байн бурдани нобиғаҳои илму ирфон ва симоҳои саршиноси ҷумҳурӣ, бо шиканҷа ба қатл расонидани мардуми бегуноҳ дар зеҳну шуури бинанда  разилу касиф ва нокасу нотавонбин будани саркардагони  гуруҳҳои ифротгароро бедор менамояд. 

         Яқин аст, ки имруз баъзе аз ҷонибдорони ин гуруҳи ифротӣ бо  ақли ҳануз тираи худ, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ худро посдори халқу миллат нишон доданӣ шуда, бо суханону пучу бемағзи худ мехоҳанд таваҷҷухи мардумро ба суи худ кашида, ҷонибдорони худро пайдо намоянд. 

         Вале имруз мардуми андешаманди тоҷик бо бардошт аз рузҳои сахту сангини солҳои мудҳиши асри гузашта  чеҳраҳои аслии ин гуруҳҳои сиёсиро хуб мешиносанд ва ҳаргиз ба ҳарзаву буҳтони онҳо бовар надоранд. 

        Санаи 4-уми сентябри соли равон чунин вохурӣ дар ҷамоати шаҳраки Балх баргузор гардида, ба тамомшои филм тамоми раисони маҳаллаҳои шахрак, занону бонувон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуда, баъд аз тамошои филм фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба корҳои ношиста ва манфури гуруҳҳои ифротӣ баён дошта, амалҳои ноҷавонмардона ва разилонаи онҳоро маҳкум намуданд. 



Нашри мақола дар сайти МИМҲД 

                                ноҳияи Ҷ. Балхӣ
Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)