http://balkhi.tj/
8-09-2020, 08:44 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ


ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ  ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МӮҲТАРАМ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


         Истиқлолият шараф ва номуси ватандорӣ ва волотарин дастоварди миллӣ аст.  

      Ҳамасола сокинони мамлакат  Рӯзи истиқлолияти  давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба 

ба ин ҷашни

 бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки

 давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

         Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба ташаккули давлати тозабунёди Тоҷикистон  ва расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаи боэътимод гузоштааст.

        Бо дарназардошти ин тамоми корҳои азимуназаррасе, ки то имруз дар ватани маҳбубамон амалӣ гардиданд, бо мафҳуми арзишманди  Истиқлолият иртиботи қавӣ доранд. 


Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)
8-09-2020, 02:22 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
ВОҚЕЪИЯТИ ТАЪРИХ ВА ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ

          Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ як давраи гузариши шадидеро аз сар гузаронд, ки дар саҳифаҳои зарҳалини таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд.
        Ин давраро метавон давраи торикӣ ва зулмот номид ва он аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки ба душманони худ ноандешидаву нодида боварӣ карданду зери нияти разилонаву золимонаи онҳо амалҳои нопокро анҷом доданд.
         Ин гуна афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро аз роҳ бадар намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дилчи модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. 
          Қариб тамоми мардум- тоҷикону тоҷикистониён ба ояндаи худ боварӣ надоштанд ва ноумедиро дар дил парвариданд.
         Дар он лаҳзаҳо неруҳои зиёди дохиливу берунӣ баҳри ба даст овардани ҳукумат талошу кӯшишҳои зиёдро ба харҷ доданд. Кӯшишу талоши онҳо ба таври истисморӣ ва зулмоварӣ сурат гирифт ва шаҳодати ин гуфтаҳо наворҳое мебошанд, ки он давраҳоро равшан ва дақиқ таҷассум мекунад.
        Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.
Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)