http://balkhi.tj/
10-09-2020, 08:23 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

       Санаи 8 сентябри соли 2020 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икроми Сироҷиддин Салом ба муносибати 29 – солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. 

      Сараввал ба истиқболи 29-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод нуқтаи хизматрасонӣ бо дарназардошти  нуқтаи фуруши маводи доруворӣ, дар ҷамоати деҳоти Маданият нуқтаи таъмири техникӣ ва дар ҷамоати деҳоти Фрунзе майдони варзишии хурд бо дастгирии соҳибкорони махаллӣ ба истифода дода шуданд, ки ба сокинони деҳоти дурдасти ноҳия шароитихуби хизматрасонӣ фароҳам оварда шуда ба корҳои анҷомдода шуда баҳои баланд доданд.  

         Пас аз ифтитоҳи як зумра иншоотҳои таъиноташон гуногун, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанави баргузор гардида, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор нафар фаъолони ноҳия барои хизматҳои шоёнашон медали “Хизмати шоиста” тақдим намуданд.
Просмотров: 29  |  Комментариев: (0)
10-09-2020, 06:42 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Намоиши Филми Мустанади «Хиёнат» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


         Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши филми мустанади «Хиёнат» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ идома дорад. 

         Ин филм бори дигар  амалҳои ваҳшиёнаву хиёнаткоронаи роҳбарияти ин ташкилоти террористиро рушан собит намуда, тамошобин ба ҳадди ниҳоӣ аз ҳадафҳои манфури онҳо  огоҳӣ пайдо намуданд.  Дидани манзараҳои ҳузнангезу ваҳшоният, аз байн бурдани нобиғаҳои илму ирфон ва симоҳои саршиноси ҷумҳурӣ, бо шиканҷа ба қатл расонидани мардуми бегуноҳ дар зеҳну шуури бинанда  разилу касиф ва нокасу нотавонбин будани саркардагони  гуруҳҳои ифротгароро бедор менамояд. 

         Санаи 10-уми сентябри соли равон чунин вохурӣ дар ҷамоати дењоти Ҳалевард баргузор гардида, ба тамомшои филм тамоми раисони маҳаллаҳои шахрак, занону бонувон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд. 

          Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба дастгирии сиёсати муваффақи давлату Ҳукумати мамлакат, амалӣ гардидани иқдомҳои шоиставу арзандаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат изҳори андеша карда, амалҳои хиёнаткоронаи гуруҳҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуд. 

         Дигар иштирокчиёни вохурӣ низ баъд аз тамошои филм фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба корҳои ношоиста ва манфури гуруҳҳои ифротӣ баён дошта, аз ҳозирон даъват намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва босаводу соҳибандеша намудани онҳо саҳми арзанда гузоранд. 


Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)
10-09-2020, 01:35 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ИФРОТГАРОӢ ВАБОИ АСР

         Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон доимо дар Паём ва вохурию суханрониҳояш вобаста дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ  андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати муборизаи фарогир бар зиддӣ терроризм ва экстремизм гаштаю баргашта таъкид менамояд.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2003 ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, 16 ноябри соли 1999Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” қабул гардида, 8 декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизам (ифротгароӣ)”қабул гардид.

         Қабули ин қонунҳо асосҳои ҳуқуқии мубориза  бо терроризм ва ифротгароиро дар кишвари мо фароҳам сохт.

         3 январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” ба тавсиб расида,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизам (ифротгароӣ)” аз эътибор сокит дониста шуд.

           Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)