http://balkhi.tj/
11-09-2020, 09:22 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни чумхуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339, ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2020, №82  чихати дар сатҳи зарурӣ омода намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони ноњия ба озмуни вилояти ва ҷумҳуриявӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ мегардад, чамъбаст гардид.

         Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин  магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, кормандони касбу кори гуногун, калонсолон (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии ноҳия) доир гардида истодааст. 
        Дар даври нохиявии озмун зиёда аз 300 нафар , намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштрок намуда, 26 нафарашон бо диплом ва тухфахои хавасманди сарфароз гардиданд. 
Просмотров: 18  |  Комментариев: (0)
11-09-2020, 08:29 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Намоиши Филми Мустанади «Хиёнат» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


         Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши филми мустанади «Хиёнат» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ идома дорад. 

         Санаи 11-уми сентябри соли равон чунин вохурӣ дар ҷамоати дењоти Маданиятбаргузор гардида, ба тамошои филм раисони маҳаллаҳои шахрак, занону бонувон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд. 

          Зимни тамошои филм бори дигар  амалҳои таҷрибкорона, ваҳшиёнаву хиёнаткоронаи роҳбарияти ин ташкилоти террористиро рушан собит намуда, тамошобин ба ҳадди ниҳоӣ аз ҳадафҳои манфури онҳо  огоҳӣ пайдо намуданд.  Қатлу куштор, дидани манзараҳои ҳузнангезу ваҳшоният, аз байн бурдани нобиғаҳои илму ирфон ва симоҳои саршиноси ҷумҳурӣ, бо шиканҷа ба қатл расонидани мардуми бегуноҳ дар зеҳну шуури бинанда  разилу касиф ва нокасу нотавонбин будани саркардагони  гуруҳҳои ифротгароро бедор менамояд. 

          Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба дастгирии сиёсати муваффақи давлату Ҳукумати мамлакат, амалӣ гардидани иқдомҳои шоиставу арзандаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, амалӣ гардидани  ҳадафҳои стратегии мамлакат изҳори андеша карда, амалҳои хиёнаткоронаи гуруҳҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуд. 

          Дигар иштирокчиёни вохурӣ низ  баъд аз тамошои филм фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба корҳои ношоиста ва манфури гуруҳҳои ифротӣ баён дошта, аз ҳозирон даъват намуданд, ки ҷиҳати дастгирии сиёсати имрузаи давлату ҳукумати кишвар ва дар таълиму тарбияи фарзандон ва босаводу соҳибандеша намудани онҳо саҳми арзанда гузоранд. 

        Намоиши филми мустанади “Хиёнат” дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ идома дода мешавад. 



Просмотров: 22  |  Комментариев: (0)