http://balkhi.tj/
14-09-2020, 07:40 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ

ПАХТА БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД

      Дар ноҳия  азсанаи 20 август  ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, имрӯзҳо муташаккилона идома дорад. Аҳли заҳмати ноҳия аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, кӯшиш намуда истодаанд,  ки дастранҷи хешро беталаф ҷамъоварӣ намоянд. 

     Тибқи иттилои Раёсати  кишоварзии ноҳия  имсол пахтакорони ноҳия дар майдони  9874 гектар кишти пахта гузаронида,  ният доранд, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро, ки 22118 тонна мебошад,  барзиёд иҷро намоянд. 

      Чанд рӯз пеш  раиси  ноҳия  Убайдуллои Файзулло  бо мақсади  шинос шудан аз  рафти ҷамъоварии «тиллои сафед»  аз  пахтазори хоҷагиҳои ба номи  Сафар Ҷумаев  ва Турахон Исанқулов   дидан  намуда, ба масъулини хоҷагиҳо  ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани   ҳосили пахта  тавсияҳои  зарурӣ дод.

     Иттилоъ дода шуд, ки  имсол деҳқонони  хоҷагии  ба номи Сафар Ҷумаев  дар  майдони 1300 гектар  ва  хоҷагии ба номи Турахон  Исанқулов  дар майдони  250  гектар пахта кишт карданд.  Раиси  ноҳия Убайдуллои  Файзулло ба кишоварзон  дастур  дод, ки дастранҷи  меҳнати худро бо  сифати  баланд ҷамъоварӣ намуда ба  корхонаҳои  пахтатозакунӣ   супоранд.


Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)
14-09-2020, 07:37 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

         Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо вабое тамоми дунёро дар ташвиш овардаст. Ҳатто кишварҳои абарқудрати дунё  аз ҷумла,  Амрико, Русия, Чин, Италия, Испания, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гирифтор ба ин вируси марговар гаштаанду, роҳи роҳоӣ аз онро меҷуянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар мамлакатҳои олам, бар зидди ин вабои аср мубориза бурда истодааст. Дар ин шабу рӯз тамоми одамон барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарнд. Табибон ба таври шабонарӯзӣ ҷон дар кафи даст бо марг  дар набард ҳастанд. 

         Дар чунин рӯзҳои фоҷеабор гуруҳе аз ифротиёни хоин ба ҷои ҳамдардиву дастгириҳо, баръакс хурсандиву хушҳолӣ мекунанд. Аз рӯзе, ки вируси COVID-19 дар кишвари Чин пайдо шуд, бадхоҳони миллат(Кабирӣ ва ҳамаслакони хоинаш) садо баланд мекарданд, ки он аллакай дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ҳоле, ки  Ҳукумати кишвар тадбирҳои пешгирикунандаро доим ба сокинон тавсия медод ва мардумро барои беҳдошти саломатии худ даъват мекард.  Бо ин вуҷуд ҳам  даъвоҳои эшон бештар мегардид, ки  “COVID-19 ҳаст ва Ҳукумати Тоҷикистон онро пинҳон кардан дорад”.  Бо ин роҳ,  дар  ҳама ҷо ҳангома  сохта,  миёни мардуми тоҷик иғвоангезӣ менамуданд. Аммо Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахуст мардумро ба тозагӣ ва беҳдошти гигиенӣ даъват мекард. Ҳатто Президенти кишвар дар чандин баромадҳо ва ҷаласаҳои Ҳукумат тозагиро миёни аҳолӣ дар мадди аввал гузошта буд ва то ҳол ҳама чораҳои заруриро андешида истодааст. Тадбирҳои пешакӣ барои ҳамагон аён буданд. Вале дар баробари ин ҳама мухолифин фақат будани ин вирус дар Тоҷикистонро мехостанд .  

Просмотров: 18  |  Комментариев: (0)