http://balkhi.tj/
16-09-2020, 07:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ МАМНӮЪ- ХАТАР БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

         Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, ихтилоф дар байни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни навҳузур зери шиорҳои демократияву озодӣ ва дину мазҳабу фирқаву маҳал рӯ ба афзоиш овард.

       Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои чиддӣ гашт.

       Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17  ташкилоти террористиву экстремистӣ: ”Ҳизб – ут - таҳрир”, “ Ал - қоида”, “ Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”,  “Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”- и Афғонистон, “ Бародарони мусалмон” – и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон , “ Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “ Созмони таблиғоти”, “Тоҷикистони озод”,  “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат – ан – нусра” манъ карда шудааст.

         Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад – нооромкардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо , бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафкани, фиребу фирта кардани ҷомеа ва ғайра. Пайёмади амалҳои ин гурӯҳҳои террористӣ аллакай тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ваҳшатзада кардааст- таркиш дар кучаҳо, бозорҳо, даруни нақлиёт ва ҳатто дохилу минбари масҷидҳо.
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)