ТАМОШОИ ДАСТАҶАМОНА АЗ МАРОСИМИ САВГАНЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Љалолиддини Балхї кормандони шуъба ва бахшњои дастгоњи раиси ноњия ва хизматчиёни давлатии љамоатњои шањраку дењот маросими бошукӯҳи савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихори баланди ватандорї дастаҷамона тамошо намуданд.
АЙЁДАТИ АФСАРОНУ АСКАРОН
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноњия вобаста ба иҷрои супориши Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 22 октябри соли 2020, №58/83 “Дар бораи ба аёдати афсарону аскарон бо иштироки занону модарон, собиқадорон” ба қисми низомии 07017 – и Кумитаи давлатии амнияти миллии ЉТ дар ноҳияи Ҷайҳунбудаи вилояти Хатлон маводҳои хурока дастрас намуданд.
Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ
дар чор Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия
Солҳои охир шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зиёд шуда истодааст. Агар ин аз як тараф беҳтар гардидани шароити хизмат дар қисмҳои низомиро нишон диҳад, аз тарафи дигар аз зиёд шудани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон дарак медиҳад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар сол дар ҷумҳуриамон моҳҳои октябр–ноябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор мегардад.
Тавре аз Комиссариати ҳарбии ноҳия хабар доданд, аллакай ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх, Узун, Маданият ва Фрунзе нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд.
Дар ноҳия аввалин шуда Ҷамоати шаҳраки Балх аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ хабар дод. Ба хизмати Ватан-модар аз Ҷамоати шаҳраки Балх 29 нафар, аз Ҷамоати деҳоти Узун 25 нафар, аз Ҷамоати деҳоти Маданият 22 нафар ва аз Ҷамоати деҳоти Фрунзе 26 нафар ҷавонони ватандӯст бо ихтиёри худ сафарбар шуданд.
Абдусаид Гулов
ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ
ШАҲРВАНДОН ВАЗИФАИ МОСТ
Бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла барои кормандони идораҳои нотариалии давлатӣ низ шароитҳои мусоиди корӣфароҳам оварда шудааст.
Албатта, бо рушду тараққӣ ёфтани ҷомеа вапешрафти иқтисоди кишвар зарурат ба амалиётҳои нотариалӣ низ зиёд мешавад. Аз ин хотир, бояд дар идораҳои нотариалӣшароити хуби корӣ муҳайё бошад. Хушбахтона, идораи нотариалии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад, ки ин баҳри дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани хизматрасонӣ ба сокинон мусоидат карда истодааст.
Бояд қайд намоям, ки яке аз вазифаҳои асосии кормандони идораҳои нотариалӣ ин муҳофизати моликият, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон бо роҳи ба амал баровардани амалиёти нотариалӣ мебошад. Нотариуси давлатӣ қонунӣ ва ҳаққонӣ будани аҳдҳои басташудаи шаҳрвандонро тасдиқ менамояд. Нотариус ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, оқибатҳои ҳуқуқии аҳдҳои басташударо мефаҳмонад.
ДЕҲҚОНЗАНИ МУВАФФАҚ
Имрӯз дар баробари мардон занону бонувон низ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо дар соҳаи кишоварзӣ таҷриба андӯхта,хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода, ба муваффақият ноил гардидаанд. Яке аз чунин бонувони кишоварз Анорхол Аллабердиева, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Анорхол Аллабердиева аз зумраи бонувони фаъоли ноҳия ба ҳисоб меравад. Соли 1975Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакиро хатм намуда, 44 сол ҳамчун китобдор фаъолият кардааст. Анорхол Аллабердиева дарбаробари кор дар китобхона ҳамзамон ба пиллапарварӣ низ машғул буд ва яке аз беҳтарин пиллапарварони ноҳия маҳсуб меёбад. Номбурда соли 2000 аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ нақшаи пилласупориро иҷро намуда, аз 144 қуттии кирмак 14 тонна пилларо ба давлат супорид. Ҳамин таҷрибаи калони ӯ боис гардид, ки ӯ аз соли 1995 то соли 2020 бригадири пиллапарварони Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия фаъолият намояд. Фаъолияти чандинсолаи Анорхол Аллабердиева бо медалҳои«Собиқадори меҳнат» (соли 1980), «Аълочии фарҳанг» (соли 1998) ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадр карда шудааст. Дар замони Шӯравӣ дар бораи ин зани меҳнатқарин чоп шудани мақолаҳо дар рӯзномаҳои бонуфузи «Известия» ва «Правда»далели фаъол ва соҳибтаҷриба будани ӯ мебошад.
«ХИЁНАТ» ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОН БАРДОШТ.
Бароям муҳим нест, ки онро кӣ таҳия кардааст? Вале нишонрасу таъсирнок будани филмро эътироф накардан мантиқан ва инсофан дуруст нест. Бартариҳои филм хеле зиёданд ва ҷоиз аст, мухтасаран чанд ҷанбаи онро ёдрас шавам.
Якум. Филми “Хиёнат” дар қиёс бо ҳарзагӯиву сафсатапарокании наҳзатиҳо, дар заминаи далелу рақамҳои асоснок ва суханони шоҳидони ҳол омода шудааст. Муаллифони филм, ки хушбахтона гумном нестанд, кушиш ба харҷ додаанд, ки услуби баёни андеша аз ҷониби шоҳидони ҳол бо забони фасеҳу оммафаҳм осеб набинад ва ба суханпардозиву ҳангомасози роҳ дода нашавад
Дуюм. Услуби пешниҳоди мавод ва инъкоси ҳаводис дар филм занҷиравӣ ва марҳилавӣ буда, маҳз ҳамин омил таъсирбахшиву таваҷҷуҳбарангезиашро фузун кардааст.
Сеюм. Муҳимтар аз ҳама филми зикршуда собит кард, ки дасти “боз”-и саркардаи назҳатиҳо, “фаъол” будани обсофкунакҳое амсоли М Садриддин, М Салимпур С Истаравшани ва дигарон ба амалҳои ғайриқонунӣ ва дастгирии хоҷаҳои хориҷӣ вобастагии қавӣ доштааст. Панҷ сол мешавад, назҳатиҳо тавассути сомонаҳои кисагӣ ва дигар василаҳо мехоҳанд, худро мусичаи бегуноҳ ҷилвагар созанд. Шояд то пахши филми “Хиёнат” онҳое низ буданд, ки саркардаи ташкилоти террористии назҳатро собиқ вакили дилсӯзи халқ, тоҷири муваффақу саховатманд мепиндоштанд.
ТЕРРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ХАВФНОКИ ОН
Терроризм яке аз омилҳои манфиест, ки аҳолии курраи замин ва давлатҳоро, сарфи назар аз сохти сиёсиашон, ба ташвиш андохтааст. Аз ин лиҳоз, давлатҳо хоҳу нохоҳ ҳангоми ба амал баровардани сиёсати дохилию берунии худ ба ин зуҳуроти манфӣ рӯбарӯ шуда, мавҷудияти онро нодида гирифта наметавонад.
Дар айни замон кирдорҳои террористӣ хело суръат гирифта, он бештар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ афзуда истодааст. Террорист дар давоми фаъолияти худ яроқҳои марговарро ба муқобили аҳолии осоишта истифода мекунанд. Ногуфта намонад, ки сол аз сол шумораи ҷабрдидагон аз тарафи терроризми байналмиллалӣ меафзояд.
ХИЁНАТ БА ВАТАН-БАДКИРДОРТАРИН ХИСЛАТ ВА НОБАХШИДАНИСТ
Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рў ба рў шудааст, ки кўшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорўи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст, ин пайдо шудани ташкилоти терористию экстеримисти мебошад. Мутаасифона таъсири ин амалҳои номатлубу даҳшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандеша ва пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар намуда, таъкид карда буданд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террорист ва тероризмро ба худиву бегона ё хубу бад қудо кардан мумкин нест». Яъне террорист миллат Ватан, мазҳаб ва дин надорад. ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор мекунад, ки сари ҳар қадам, дар маъракаҳои нишастӣ суҳбатҳои сари роҳӣ ва дар ҳама ҳолат ба таблиҳоти дуруҳину бофтаи ҳаразноки ташкилоту ҳизбҳои терористию экстремистӣ аз он ҷумла ҲНИ, ҳизб-ул таҳрир, Ансоруллоҳ, қиҳоди исломӣ, толибон ва даҳҳо гурўҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳем ва баръакс ин ҳизбу ҳаракатҳоро гурўҳҳои ҳаразнок, ҷангҷў, харобкор, ғайриинсонӣ ва даҳшатноку паст фитрат биҳисобем.
БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОИ МУБОРИЗАИ
БЕАМОН БОЯД БУРД.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба маврид таъкид намудаанд, ки: “Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Терроризм ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёнӣ иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардиданд. Терроризм ва ифротгароӣ хатари марговар буда, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст.