http://balkhi.tj/
1-10-2020, 07:45 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БА ИФТИХОРИ  813-СОЛАГИИ ЗОДРУЗИ 

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


         Дар саҳнаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик садҳо нобиғагони илму адаб ба майдон омаданд, ки номи онҳо бо осори пурғановаташон дар ганҷинаи тамаддуни милливу ҷаҳонӣ сабт ёфтааст.

      Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин шоир ва мутафаккири намоёни қарни XIII, ки мафҳуму мазмунҳои ирфонӣ дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

       Аз он ифтихормандем, ки дар ҳамоиши фарҳангӣ, ки ба истиқболи 813-солагии бузургдошти  олим, шоирва машҳуртарин пешвоёни ҷараёни тасаввуфии Машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда мешавад, ширкат намуда, аз ин санаи ифтихорӣ пазироӣ  менамоем. 

        Ин   ахтари дурахшони ҳаёти маънавӣ мулаққаб бо Мавлоно, Мавлонои Рум, Мавлои Рум, Мавлавӣ соли 604-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 30- моҳи сентябри соли 1207 дар шаҳри Балх дар хонаводаи фақеҳу воиз, хатибу ориф ва фозили фарзонаву маъруф Муҳаммад Бинни Ҳусейн Ал Хатибӣ машҳур бо унвони Баҳоуддин Валад ба дунё омадааст. Падараш аз олимони Балх маҳсуб ёфта,  ба таълиму тарбияи у бо таваҷҷуҳи падари донишманд аз хурдсолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир шуд  ва нозукиҳои забони модарию арабӣ, анвои илмҳои динӣ чун шариати исломӣ, фиқҳ, ҳадис, тафсир, ирфони фалсафа, риштаҳои илму адаби назмшиносӣ ва афкору ақоиди дар он айём ривоҷдоштаро омухт. 

       Бино ба маълумоти «Маноқиб-ул - орифин» Баҳоуддин Валад дар сини 5-6 солагии Ҷалолуддин бо масоили марбут ба замони зист бо аҳли хонавода ва иддае аз фақеҳони наздикаш бо азми тавофи Ҳиҷоз ба воситаи Эрону Ироқ озими хонаи Худо шуда, пас аз зисти муваққатӣ дар Шом вориди Осиёи Саѓир мегардад ва солҳо дар ин макон иқомат ихтиёр мекунад. Баъд аз чанд муддате овозаи тақводорӣ ва донишмандию суханварии Баҳоуддин Валад дар Рум интишор меёбад ва подшоҳи салчуқии Рум Алоуддин Қайқубод, ки ҳамчун шахси фозил бо забони форсӣ шеъри хуб ҳам мегуфт, уро ба Қуния даъват мекунад. Баҳоуддин Валад баъди ду соли иқомат дар  Қуния вафот мекунад.

      Дар ин вақт аз умри Мавлоно Ҷалолуддин ҳамагӣ 24 сол мегузашт, вале бо вуҷуди ин бо тақозои иродатмандон у ба ҷои падари бузургвораш  бар маснади тадрису вазъ менишинад ва ба таълиму ҳидояти толибилмони ҳақиқату маърифат ба бузургтарин марказҳои таълимоти исломии он айём Ҳалабу Димишқ омада, пас аз бозгашт ба Қуния бо анвои илму дониш мусаллаҳ ба тарбияву иршоди соликони роҳи тариқат шуѓл меварзад. 

      Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ монда, бо ин осори пурѓановаташ ҳамчун ситораи пурҷилову тобнок аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи дустдорони илму маъниро равшанӣ мебахшад. 

      Мусаллам аст, ки арҷгузорӣ ба шахсият ва осори гаронарзиши    орифону донишмандони барҷастаи тоҷик дар сиёсати олии фарҳангииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, дар навиштаи «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» хеле  бамаврид қайд шудааст: «Мавлоно дар Вахшонзамин таваллуд ёфта,  минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тўли ҳаёти пурмаҳсули маънавию иҷтимоияш бо намояндагони қавму миллат ва дину мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздике буд. Маҳз ҳамин пайвастагӣ бо қавмҳои гуногун Балхиро водор намуд, ки як таълимоти дархўри ниёзҳои мардуми мухталиф ва умуман барои тамоми аҳли башар муносибро асос диҳад». 

      Воқеан шахсиятҳои маъруф чун Ҷалолуддини Балхӣ танҳо ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳидае маҳдуд набуданд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун нисбат ба осору ѓановати маънавии ин орифи бузург аст. Мусаллам аст, ки Мавлавӣ дар Қуния (Туркияи имруза) зиндагӣ кардааст, аммо тамоми осорашро бо забони модариаш-тоҷикӣ-форсӣ эҷод намудааст ва ба-дин васила руҳи миллӣ ва муҳаббати хешро ба забону миллати худ на танҳо ҳифз, балки нишон додааст. 

Зербайти;

Наъраи ҳойу ҳуи ман аз дари Рум то ба Балх 

Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман   собит ба ин аст. 

     Маҷмуаи ашъори Мавлоно Ҷалолуддин, ки аксари он аз номи устодаш Шамси Табрезӣ ва бо зикри исми у гуфта шудааст, бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» ва ё «Девони кабир» мураттаб гардида, мукаммалтарин таълифоти Мавлоноро ташкил додааст.

      Дар маснавии маънавӣ ҳамчун шоҳасари мақбулу маҳбуб дар баробари тасвири нуқтаҳои муҳими афкори ирфониву тасаввуфӣ ва хулосаҳои ҳакимона роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни маънавӣ аз оёти Қуръони Карим шоҳид оварда шуда, донишмандони асрҳои гузаштаву имруза «Маснавии маънавиро» бо унвонҳои ифтихории Қуръон дар забони паҳлавӣ, «Нардбони осмон», «Китоби муътабар дар тафсири Қуръон» ва «Тафсири суфиёна аз Қуръон» хондаанд. 

       Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.  



Просмотров: 40  |  Комментариев: (0)
1-10-2020, 07:32 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ДАСИСА – УСУЛИ ХОСИ НАХЗАТ 

(қиссаи иғвои як тан нахзатӣ нисбати амакаш)

       Аслан ба сиёсат коре надорам, чунки аз он бӯе ҳам намебарам. Вакте ба сиёсат ҳар ношустару, бесавод, дайду, фосиқу гумроҳ кор мегирад,  низом гум мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фард касбу кори худро пеша кунад,  шуғли худро дуст дорад, такмил диҳад ва аз он баҳра барад. Вақте, ки ҳар як кузафурушу ордфуруш  ба сиёсат дахолат мекунанд, он ба як дукони чарчинфуруш табдил меёбад.

       Шояд мо аз сарсахттарин миллате бошем, ки умре мӯҳтоҷи панду насиҳатем. Ягон миллати пешрафтаи олам ба мисли мо- қавми тоҷику форс абармарду нобиғаҳои оламшумул надошта бошад. Рудакиву Сино, Хайёму Ҳофиз, Фирдавсию Саъди, Соибу Бедил ва ғайраву ва ҳоказо..

       Насли имрӯзаи тоҷик (маҳз тоҷик!!!) шеъру қасидаву ғазали 1200-1300 сол пеш навишташудаи ин нобиғаҳоро бе ягон луғату бе ёрии ягон тарҷумон хуб ва ба осонӣ дарк мекунад.  Бо гузашти асрҳо ҳатто калимае иваз ва иборае тағйир наёфтааст. Ин аз бузургии забону фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллати мо гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол мегирем, давлати абарқудрати Россия. Насли имрӯзаи рус забони ҳадди аққал 2 аср пеши худро на танҳо намефаҳмад, балкӣ бо луғат тарҷима карда наметавонад. Ва ҳазорон чунин мисолҳо овардан мумкин аст..

Просмотров: 27  |  Комментариев: (0)