http://balkhi.tj/
2-10-2020, 07:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ИҶТИМОӢ

          Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.

         Хусусияти экстремизм ва терроризм ва афзудани шумораи одамони ба ин гуруҳҳои номатлуб шомил шуда, бо роҳи ҷалб намудан ва тадриҷан тағйир додани тафаккури эътиқоди онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявиашон суст буда, дар зиндагӣ ба мушкилоте дучор шудаанд.

         Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни яроқро интихоб намуда, ба давлатҳои абарқудрат муқобилияти шадид нишон дода истодаанд, ки аз хатари аслии терроризм ва экстремизм ба ҷомеа шаҳодат медиҳанд.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дунёро аз хатари терроризм ва ифротгароӣ огоҳ намуда, таъкид карданд: «Терроризм имрӯз беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори сулҳ ва пойдору устувории муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст».

       Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятиро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм, мерҳи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин доранд.

       Мубориза бо терроризм натанҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд, давлат, балки ҳар як фарди ватандӯст аст. Мо ҷавонон бояд якҷо дар решакан намудани зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри оромиву осудагии кишвари худ талош варзем.


   

Просмотров: 28  |  Комментариев: (0)