http://balkhi.tj/
7-10-2020, 13:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

       Намоиши Филми Мустанади «Хиёнат» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ           
       Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши филми мустанади «Хиёнат» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ идома дорад.        
       Санаи 29-уми сентябри соли равон чунин вохурӣ дар ҷамоати шахраки Гулистон  баргузор гардида, ба тамошои филм тамоми раисони маҳаллаҳои шахрак, занону бонувон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд.      
      Баъд аз тамошои филм муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба дастгирии сиёсати муваффақи давлату Ҳукумати мамлакат, амалӣ гардидани иқдомҳои шоиставу арзандаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, амалӣ гардидани  ҳадафҳои стратегии мамлакат изҳори андеша карда, амалҳои хиёнаткоронаи гуруҳҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуд.     
       Гуфта шуд, ки  филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.      
      Навори мазкур аз корҳои ношояму нописандида ва амалҳои террористӣ-экстремистӣ, ки аз тарафи ҳизби мамнуи наҳзати ислом (ҲНИ) рух дода буданд, шаҳодат дода, чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд.        
      Дигар иштирокчиёни вохурӣ низ  баъд аз тамошои филм фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба корҳои ношоиста ва манфури гуруҳҳои ифротӣ баён дошта, аз ҳозирон даъват намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва босаводу соҳибандеша намудани онҳо саҳми арзанда гузоранд.        
      Аз толор тамошобинони филм ќайд намуданд, ки дар партави ин филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «оё тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир аст?» бедор мекунад.   
      Аз ҳозирон даъват ба амл оварда шуд, ки аз тамошои филм хулосаҳои зарурӣ бароварда, дар зеҳну шуури чавонон дуст доштани ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро бедор намоянд. 
Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)