http://balkhi.tj/
8-10-2020, 08:00 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ВОХУРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

        Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва рапъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2020, аз тарафи ташкилоту ҳизбҳои сиёсӣ 5 нафар номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон пешбарӣ гашта, ба қайд гирифта шудаанд. Санаи 6 октябри соли 2020 дар қасри фарҳангии ноҳия бо интихобкунандагон вохури намуда, барномаи пешазинтихоботии худро муаррифи намуданд.

         1. Латифзода Рустам Барот - номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Аграри Тоҷикистон. Шахси боэътимоди номзад, муҳтарам Икромов Файзиддин вакили маҷлиси намояндагони МОҶТ иштирок намуда, барномаи пешазинтихоботии Латифзода Рустам Баротро муаррифи намуд.

        2. Ғафорзода Абдуҳалим Розиқ – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Шахси боэътимоди номзад, муҳтарам Давлатхоним Саид Ашурова муовини раиси ҲСТ иштирок намуда, барномаи пешазинтихоботии Ғафорзода Абдуҳалим Розиқро муаррифи намуд.

        3. Эмомалӣ Раҳмон – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Шахси боэътимоди номзад, муҳтарам Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда, барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмонро муаррифи намуд.

      4. Раҳматзода Рустам – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Раҳматзода Рустам барномаи пешазинтихоботии худро муаррифи намуд.

     5. Абдуллоев Мироҷ Санонович – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон. Абдуллоев Мироҷ Санонович барномаи пешазинтихоботии худро муаррифи намуд.

       Номзадҳо дар пешниҳоди барномаҳои пешазинтихоботи вақти баробар доштан.


Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)
8-10-2020, 07:08 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БАРОИ ОЯНДАИ НЕКИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

     Бо гузашти вақт мо ба муҳимтарин маъракаи сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавем. Нақши интихобот, ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа назаррас  мебошад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дар пешистода омили муҳим ва таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар, густариши демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

        Ман  ҳамчун зан ва ҳамчун  ҷавони дар даврони истиқлолият рушду камолёфта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф набуда, барои таъмини пешрафт ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон овози худро ба номзади арзандаи худ медиҳам.Ифтихор аз он дорам, ки дар интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистоништирок меварзаму овози ман ҳалкунанда аст. 

      Роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар Тоҷикистон  маҳз аз интихоби дурусти мо вобаста   аст.

      Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми шаҳрвандон,алалхусус ҷавонони Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки  дар инмаъракаи муҳими сиёсӣ   фаъолона иштирок намуда,  барои ободию пешрафт ва ояндаи неки  Тоҷикистони  азизмавқеи худро муайян намоянд. 

       Овози ҳар як интихобкунанда барои тақдири рушди давлатдории миллӣ  ҳалкунанда аст!

Ҷумагул НАЗАРОВА,  

мудири бахши 

бойгонии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия
Просмотров: 14  |  Комментариев: (0)
8-10-2020, 07:06 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

         Терроризм ватан , забон, нажодва  дин надорад. Ин бадбахти оламшумуре гардиааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

         Дар ибтидои асри 21 инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои оламу одам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасосо нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он,  ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ  ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террристи кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. 

         Дар аҳли қадим, асрҳоимиёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гуруҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафкани мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳоитеррористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. 

        Дар охири қарни 19 ва 20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доира фаъолияти террористон хело васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

         Терроризм содир намудан амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартраф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё  расонидани таъсирбарои аз тарафи ҳокимият қабул кардани ҳокимият мебошад. Зӯроварӣ зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифродгароӣ сабзида расад.

         Ифродгароӣ дар кадом шакл набошад мо онро қабул  надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифродгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад.

         Ба муқобили ифродгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш ва пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд.

         Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувории муборизаи қонеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст . Айни ҳол марбут ба амалҳои террристи дар ҷаҳон муташанниҷ боқи мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гушшаҳои гуногуни  ҷаҳон фаъолшавии гуногуни террористӣ ва ташкилу созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

         Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаметализм, экстремизм ва дигар зуҳуроти падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ваменависанд.

         Терроризм ва ифродгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддтарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатю ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем.

Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)