http://balkhi.tj/
9-10-2020, 13:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«ХИЁНАТ» ФИЛМЕ КИ НАФРАТ БА НАЗҲАТИҲОИ ҶИНОЯТПЕШАРО БЕШТАР КАРД

         Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки чандест тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода мешавад, бори дигар бо ҷузъияти фарогир парда аз рӯи садҳо амали ҷинояткоронаи аъзои ТТЭ ҲНИ бардошт ва бо пешниҳоди далелҳои мушаххас ҷомеаи кишварро дар ростои шинохти комил аз бархӯрдҳои манфиатҷӯёнаи зархаридон қарор дод. Тавре тамошобинон медонанд, филм дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода шуда, аз амалҳои ноҷавонмардона ва хунии назҳатиҳо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нақл мекунад. Таҳиягарон бо пешниҳоди арқоми воқеӣ ба амалҳои собиқ Ҳизби назҳати исломӣ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, ҳаводиси гузаштаро мунсифона тасвир намуданд.

         Бояд гуфт, ки солҳои охир шуури сиёсӣ ва маърифати динии мардум боло рафта, бидуни намоиши силсилафилми мавриди назар ҳам дасисаву ғаразҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва аъзои ҷиноятпешаи онро дарк менамоянд. Аммо намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар зеҳни моро ба амалҳои ноҷавонмардонаи хиёнаткорон мекашад, ки ин гуна пайравони ТТЭ ҲНИ бо дастури роҳбарият ва хоҷагони хориҷии худ аз кишвари маълум ба амалҳои нангин, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳ, зиёиён, сарбозон ва несту нобуд кардани иншооти давлативу ҷамъиятӣ, даст задаанд.

Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)
9-10-2020, 09:17 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

СЕМИНАР «CASA – 1000 ЛОИҲАИ ДАСТГИРИИ ҶОМЕА” ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Дар доираи талаботи «CASA – 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” санаи 7 октябри соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузории вохӯрӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор доир гардад.

    Татбиқи «CASA – 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз шуда, амалисозии он аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” – и ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сурат мегирад.

       Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти неруи барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогир иборат буда, деҳаи Кайҳонии ҷамоати шаҳраки Гулистон ба минтақаи лоиҳавӣ шомил мебошад.


Просмотров: 22  |  Комментариев: (0)
9-10-2020, 08:55 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

огози  мавсими даъвати

тирамоҳи ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ

      Санаи 5 октябри  соли 2020  дар  Комиссариати ҳарбии ноҳия бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» чорабини  баргузор гардид. 

     Дар ин  рӯз 50 нафар   ҷавонони   шуҷоъ бо  амри дил  барои адо намудани  қарзи  фарзандии худ  ба   Комиссариати ҳарбӣ  ҳозир  шуда буданд. Муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин наваскаронро табрик  намуда, барояшон  дар  ҷодаи хизмат ба Ватан-Модар барору комёбиҳо   орзу  намуд.

     -«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон шараф,  номус ва иқдоми ватандӯстонаи ҳар як ҷавонмарди содиқи Ватан ба ҳисоб меравад. Симои хурсандибахшу лабҳои пуртабассуми шумо-ҷавонони  ватандӯсту ватанпарвари  ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки писарони  вафодору арзандаи  халқи азизи худ  мебошед», -иброз намуд муовини раиси ноҳия.

       Абдулазиз  Қурбонов яке  аз  ҷавонони даъватшуда бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иброз намуд, ки  хизмат дар  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ  қарзи  ҳар як  ҷавонмарди тоҷикистонӣ мебошад.  Падари  ман худ  шахси  низомӣ ҳастанд  ва  ман  ҳам  аз хурдӣ  орзу  мекардам, ки либоси  низомӣ  бабар  намоям. Ба ҳамин хотир  пас аз хатми  донишгоҳ   мехоҳам рафта  хизмати  Ватан-Модарро бо  сари  баланд  адо намоям.  

      Дар ҳақиқат, осудагии Ватан ба неруи зеҳниву ақлонии ҷавонони далеру шуҷоъ, меҳандӯсту хештаншинос ва ҷонфидо вобастагии калон дорад.      

      Дар охири чорабинӣ аз ҷониби санъаткорони ноҳия барномаи   рангини  консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

     ИбодуллоҳиОДИНА.

 А. Шерматов



Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)