Календар
«    Октябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
19-10-2020, 13:36 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ХАВФНОКИ ОН

      Терроризм яке аз омилҳои манфиест, ки аҳолии курраи замин ва давлатҳоро, сарфи назар аз сохти сиёсиашон, ба ташвиш андохтааст. Аз ин лиҳоз, давлатҳо хоҳу нохоҳ ҳангоми ба амал баровардани сиёсати дохилию берунии худ ба ин зуҳуроти манфӣ рӯбарӯ шуда, мавҷудияти онро нодида гирифта наметавонад.

       Дар айни замон кирдорҳои террористӣ хело суръат гирифта, он бештар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ афзуда истодааст. Террорист дар давоми фаъолияти худ яроқҳои марговарро ба муқобили аҳолии осоишта истифода мекунанд. Ногуфта намонад, ки сол аз сол шумораи ҷабрдидагон аз тарафи терроризми байналмиллалӣ меафзояд.

     Сарфи назар аз он ки масъалаи терроризми байналмиллалӣ дар солҳои охир бештар боиси таваҷҷуҳи аҳли илм гардида бошад ҳам, худи ин падида амсоли ҷомеаи инсонӣ ва низоъҳои сиёсӣ, таърихи куҳанро соҳиб мебошад. Чунончи Девид Рапопорт табиати гурӯҳи хеле қадим арзи вуҷуддоштаро дар 3 дини бештар машҳур таҳлил намуда, далели майли террористӣ доштани онҳоро ба ҳуҷҷат даровардааст: дар масеҳият (таассуб-сикарие), дар буддо (буғикунандаҳо), дар ислом ( шиаҳои исмоилия).
Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)