Календар
«    Октябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
26-10-2020, 13:41 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ

дар чор Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия

     Солҳои охир шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зиёд шуда истодааст. Агар ин аз як тараф беҳтар гардидани шароити хизмат дар қисмҳои низомиро нишон диҳад, аз тарафи дигар аз зиёд шудани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон дарак медиҳад.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар сол дар ҷумҳуриамон моҳҳои октябр–ноябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор мегардад. 

        Тавре аз Комиссариати ҳарбии ноҳия хабар доданд, аллакай ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх, Узун, Маданият ва Фрунзе нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд.

      Дар ноҳия аввалин шуда Ҷамоати шаҳраки Балх аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ хабар дод. Ба хизмати Ватан-модар аз Ҷамоати шаҳраки Балх 29 нафар, аз Ҷамоати деҳоти  Узун 25 нафар, аз Ҷамоати деҳоти Маданият 22 нафар ва аз Ҷамоати деҳоти Фрунзе 26 нафар ҷавонони ватандӯст бо ихтиёри худ сафарбар шуданд. 

                   

                 Абдусаид Гулов


Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)
26-10-2020, 13:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ

ШАҲРВАНДОН ВАЗИФАИ МОСТ

       Бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз барои кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла барои кормандони идораҳои нотариалии давлатӣ  низ шароитҳои мусоиди  корӣфароҳам оварда шудааст.  

       Албатта, бо рушду тараққӣ ёфтани  ҷомеа  вапешрафти иқтисоди кишвар зарурат ба амалиётҳои нотариалӣ низ зиёд мешавад. Аз ин хотир, бояд дар идораҳои нотариалӣшароити хуби корӣ муҳайё бошад. Хушбахтона, идораи нотариалии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо компютер  ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад, ки ин баҳри дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани хизматрасонӣ ба сокинон мусоидат карда истодааст. 

     Бояд қайд намоям, ки  яке аз вазифаҳои асосии кормандони идораҳои нотариалӣ ин муҳофизати моликият, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон бо роҳи ба амал баровардани амалиёти нотариалӣ мебошад. Нотариуси давлатӣ қонунӣ ва ҳаққонӣ будани аҳдҳои басташудаи шаҳрвандонро тасдиқ менамояд. Нотариус ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ  дода, оқибатҳои ҳуқуқии аҳдҳои басташударо мефаҳмонад. 


Просмотров: 22  |  Комментариев: (0)