http://balkhi.tj/
27-10-2020, 11:43 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
Баромади хиёнаткоронаи раиси ТЭТ ҲН, Муҳиддин Кабирро маҳкум менамоем.
        Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи 29 сол аст, ки Тоҷикистони азиз, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон сулҳ, оромӣ, дӯстиву ҳамдилӣ сол аз сол мустаҳкамтар шуда истодааст. Обрӯю эътибори Тоҷикистон, дар арсаи байналмилалӣ қавитару афзунтар шуда истодааст. Ин ҳама натиҷаи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавлу ирода ва меҳнату заҳмати бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат ба як гурӯҳ хоинони давлату миллат маъқул нест. Онҳо муваффақияти Тоҷикистонро дида наметавонанд. Бо ҳар гуна роҳу усулҳо барои муташаниҷ сохтани вазъи кишвари мо ҳаракат мекунанд. Онҳо бо ҳамин мақсад дар хориҷи кишвар якчанд созмону ҳаракатҳои экстремистию террористиро ташкил намудаанд. Яке аз онҳо Паймони миллӣ мебошад. Ин ташкилоти ифротӣ бинобар ба фаъолияти хоинонаи худ нисбат ба халқу давлати Тоҷикистон ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда шудааст. Роҳбарон ва бисёр аз аъзоёни ин ҳизб дини муқаддаси Исломро ба худ ниқоб карда, дар қаламрави кишвар бисёр хунрезиҳо, одамкушиҳо бетартибиҳоро содир намудаанд.

Просмотров: 158  |  Комментариев: (0)