http://balkhi.tj/
8-10-2020, 07:08 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БАРОИ ОЯНДАИ НЕКИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

     Бо гузашти вақт мо ба муҳимтарин маъракаи сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавем. Нақши интихобот, ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа назаррас  мебошад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дар пешистода омили муҳим ва таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар, густариши демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

        Ман  ҳамчун зан ва ҳамчун  ҷавони дар даврони истиқлолият рушду камолёфта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф набуда, барои таъмини пешрафт ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон овози худро ба номзади арзандаи худ медиҳам.Ифтихор аз он дорам, ки дар интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистоништирок меварзаму овози ман ҳалкунанда аст. 

      Роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар Тоҷикистон  маҳз аз интихоби дурусти мо вобаста   аст.

      Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми шаҳрвандон,алалхусус ҷавонони Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки  дар инмаъракаи муҳими сиёсӣ   фаъолона иштирок намуда,  барои ободию пешрафт ва ояндаи неки  Тоҷикистони  азизмавқеи худро муайян намоянд. 

       Овози ҳар як интихобкунанда барои тақдири рушди давлатдории миллӣ  ҳалкунанда аст!

Ҷумагул НАЗАРОВА,  

мудири бахши 

бойгонии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия
Просмотров: 137  |  Комментариев: (0)
8-10-2020, 07:06 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

         Терроризм ватан , забон, нажодва  дин надорад. Ин бадбахти оламшумуре гардиааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

         Дар ибтидои асри 21 инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои оламу одам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасосо нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он,  ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ  ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террристи кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. 

         Дар аҳли қадим, асрҳоимиёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гуруҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафкани мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳоитеррористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. 

        Дар охири қарни 19 ва 20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доира фаъолияти террористон хело васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

         Терроризм содир намудан амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартраф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё  расонидани таъсирбарои аз тарафи ҳокимият қабул кардани ҳокимият мебошад. Зӯроварӣ зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифродгароӣ сабзида расад.

         Ифродгароӣ дар кадом шакл набошад мо онро қабул  надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифродгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад.

         Ба муқобили ифродгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш ва пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд.

         Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувории муборизаи қонеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст . Айни ҳол марбут ба амалҳои террристи дар ҷаҳон муташанниҷ боқи мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гушшаҳои гуногуни  ҷаҳон фаъолшавии гуногуни террористӣ ва ташкилу созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

         Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаметализм, экстремизм ва дигар зуҳуроти падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ваменависанд.

         Терроризм ва ифродгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддтарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатю ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем.

Просмотров: 168  |  Комментариев: (0)
7-10-2020, 13:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

       Намоиши Филми Мустанади «Хиёнат» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ           
       Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши филми мустанади «Хиёнат» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ идома дорад.        
       Санаи 29-уми сентябри соли равон чунин вохурӣ дар ҷамоати шахраки Гулистон  баргузор гардида, ба тамошои филм тамоми раисони маҳаллаҳои шахрак, занону бонувон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд.      
      Баъд аз тамошои филм муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба дастгирии сиёсати муваффақи давлату Ҳукумати мамлакат, амалӣ гардидани иқдомҳои шоиставу арзандаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, амалӣ гардидани  ҳадафҳои стратегии мамлакат изҳори андеша карда, амалҳои хиёнаткоронаи гуруҳҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуд.     
       Гуфта шуд, ки  филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.      
      Навори мазкур аз корҳои ношояму нописандида ва амалҳои террористӣ-экстремистӣ, ки аз тарафи ҳизби мамнуи наҳзати ислом (ҲНИ) рух дода буданд, шаҳодат дода, чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд.        
      Дигар иштирокчиёни вохурӣ низ  баъд аз тамошои филм фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба корҳои ношоиста ва манфури гуруҳҳои ифротӣ баён дошта, аз ҳозирон даъват намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва босаводу соҳибандеша намудани онҳо саҳми арзанда гузоранд.        
      Аз толор тамошобинони филм ќайд намуданд, ки дар партави ин филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «оё тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир аст?» бедор мекунад.   
      Аз ҳозирон даъват ба амл оварда шуд, ки аз тамошои филм хулосаҳои зарурӣ бароварда, дар зеҳну шуури чавонон дуст доштани ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро бедор намоянд. 
Просмотров: 179  |  Комментариев: (0)
5-10-2020, 13:30 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Т А Б Р И К О Т И

РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ 

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

5 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020

       Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Тавассути он одамон бо ҳам муошират мекунанд, бо зиндагии мардумони дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда ба мерос мегузоранд. Забони халқ, рӯҳи халқ, ифодаи табиат ва пояи тамаддун, таърих, урфу одат ва умуман олами маънавии уст. Он гули ҳамешабаҳорро мемонад, ки дар таровати абадиаш тамоми паҳлӯҳои ҳаёти маънавии мардум инъикос ёфтааст. Он робитаи ниҳоят зинда, барҷаста ва ногусастание аст, ки ниёгон, муосирон ва ояндагонро ба як чизи комилу зинда ва таърих мубаддал месозад.

       Аз ин лиҳоз мо ҳар сол 5 октябр - Рӯзи забонро бо эҳсоси қаноатмандӣ истиқбол намуда, ба олитарин муқаддасоти миллии худ-забони тоҷикӣ арҷгузорӣ мекунем.

      Таърих гувоҳ аст, ки хосияту сифатҳои тавоноии забони мо аз қарнҳои пеш то имрӯз, новобаста ба монеа ва шебу фарозҳои зиёд дар байни забонҳои дигар мақоми махсус дорад. Зеро тавоноии ин забон тавоноии миллату ваҳдатсозу бофарҳангест, ки ваҳдат миллиро арзиши аз ҳама болову воло медонад. 


Просмотров: 199  |  Комментариев: (0)
5-10-2020, 13:13 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-БАЁНГАРИ

ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ

ПУРҒАНОВАТИ МИЛЛАТИ МОСТ

      Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва пайкар тавоно бошад.

                     Эмомалӣ РАҲМОН

      Забони тоҷикӣ, яъне забони модарии мо, ки дар таърихи ҳазорсолаҳо мақому манзалаташро ҳифз кард, имрӯз бо бузургонаш ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст. 

       Маҳз осори бузургони сухан Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомию дигар ворисони ин забони ноб, ки шоҳкориҳои худро дар асарҳояшон бо ин забони воломақом ба мерос мондаанд, то имрӯз манзалати  худро доранд.

       Шуҳрати байналмилалӣ ёфтани эҷодиёти ин шахсиятҳои бузург далолат бар он мекунад, ки эшон пушту паноҳи ин забони волою шевоянд. Далели ин гуфтаҳо метавонам аз гуфтаҳои шоири тавоною муосири тоҷик Ҳакназар Ғоиб ёдовар шавам:

Эй лафзи модари ман! Эй лафзи буди ман!

Ин бас, ки ман шинохтам аз аслат ориён!

Баски забони аҳли биҳиштӣ, муқаддасӣ,

Ман дорам аз Худои бузургам сари амон!

     Мусаллам аст, ки қабл аз соҳибистиқлолии кишвар ҳанӯз бо кӯшишу талошҳои парчамбардорони миллат устодон: Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Акбари Турсун, Лоиқ Шералӣ, Шарофиддини Рустам ва чанде дигар 22–уми июли соли 1989 Қонун дар бораи забони тоҷикӣба тавсиб расида буд ва дар қаламрави Тоҷикистон мақоми давлатӣ пайдо кард, вале ҳамоно дар роҳи рушду забони модарӣ мушкилоту монеа фаровон буд.

Просмотров: 159  |  Комментариев: (0)
5-10-2020, 13:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

КОРОНАВИРУС ХАТАР Ё КАБИРӢ?

            Ман як тоҷики мусофир, дур аз ватанам.Умедворам, ки ин номаи маро бетаҳрир чоп мекунед. Агар чоп накунед, шумо ҳаммисли Кабирӣ хиёнаткоред.
        Имшаб  филми Хиёната  кисми4-умашро дидаму ба фикр рафтам, ки Ҳизби наҳзати исломӣ хатарнок аст ёкоронавирус. Фикр кардаму фикр кардаму ба хулоса омадам, ки коронавирус шарафдораду наҳзатиё не. Каронавирус олоти мардиро намебурад, гӯшу бинию панҷаҳоронамебурад, зинда ба зинда чашма намеканад, каллая намебурад, занону духтара таҷовузнамекунад. Ин кора Гитлер, Чингизхон, Темури ланг, лашкаркашои ҷаллоди арабкарда буданд. Боз фарзандони нохалафи онҳо наҳзатиё.
Просмотров: 201  |  Комментариев: (0)
2-10-2020, 07:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ИҶТИМОӢ

          Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.

         Хусусияти экстремизм ва терроризм ва афзудани шумораи одамони ба ин гуруҳҳои номатлуб шомил шуда, бо роҳи ҷалб намудан ва тадриҷан тағйир додани тафаккури эътиқоди онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявиашон суст буда, дар зиндагӣ ба мушкилоте дучор шудаанд.

         Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни яроқро интихоб намуда, ба давлатҳои абарқудрат муқобилияти шадид нишон дода истодаанд, ки аз хатари аслии терроризм ва экстремизм ба ҷомеа шаҳодат медиҳанд.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дунёро аз хатари терроризм ва ифротгароӣ огоҳ намуда, таъкид карданд: «Терроризм имрӯз беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори сулҳ ва пойдору устувории муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст».

       Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятиро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм, мерҳи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин доранд.

       Мубориза бо терроризм натанҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд, давлат, балки ҳар як фарди ватандӯст аст. Мо ҷавонон бояд якҷо дар решакан намудани зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри оромиву осудагии кишвари худ талош варзем.


   

Просмотров: 173  |  Комментариев: (0)
1-10-2020, 07:45 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БА ИФТИХОРИ  813-СОЛАГИИ ЗОДРУЗИ 

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


         Дар саҳнаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик садҳо нобиғагони илму адаб ба майдон омаданд, ки номи онҳо бо осори пурғановаташон дар ганҷинаи тамаддуни милливу ҷаҳонӣ сабт ёфтааст.

      Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин шоир ва мутафаккири намоёни қарни XIII, ки мафҳуму мазмунҳои ирфонӣ дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

       Аз он ифтихормандем, ки дар ҳамоиши фарҳангӣ, ки ба истиқболи 813-солагии бузургдошти  олим, шоирва машҳуртарин пешвоёни ҷараёни тасаввуфии Машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда мешавад, ширкат намуда, аз ин санаи ифтихорӣ пазироӣ  менамоем. 

        Ин   ахтари дурахшони ҳаёти маънавӣ мулаққаб бо Мавлоно, Мавлонои Рум, Мавлои Рум, Мавлавӣ соли 604-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 30- моҳи сентябри соли 1207 дар шаҳри Балх дар хонаводаи фақеҳу воиз, хатибу ориф ва фозили фарзонаву маъруф Муҳаммад Бинни Ҳусейн Ал Хатибӣ машҳур бо унвони Баҳоуддин Валад ба дунё омадааст. Падараш аз олимони Балх маҳсуб ёфта,  ба таълиму тарбияи у бо таваҷҷуҳи падари донишманд аз хурдсолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир шуд  ва нозукиҳои забони модарию арабӣ, анвои илмҳои динӣ чун шариати исломӣ, фиқҳ, ҳадис, тафсир, ирфони фалсафа, риштаҳои илму адаби назмшиносӣ ва афкору ақоиди дар он айём ривоҷдоштаро омухт. 

       Бино ба маълумоти «Маноқиб-ул - орифин» Баҳоуддин Валад дар сини 5-6 солагии Ҷалолуддин бо масоили марбут ба замони зист бо аҳли хонавода ва иддае аз фақеҳони наздикаш бо азми тавофи Ҳиҷоз ба воситаи Эрону Ироқ озими хонаи Худо шуда, пас аз зисти муваққатӣ дар Шом вориди Осиёи Саѓир мегардад ва солҳо дар ин макон иқомат ихтиёр мекунад. Баъд аз чанд муддате овозаи тақводорӣ ва донишмандию суханварии Баҳоуддин Валад дар Рум интишор меёбад ва подшоҳи салчуқии Рум Алоуддин Қайқубод, ки ҳамчун шахси фозил бо забони форсӣ шеъри хуб ҳам мегуфт, уро ба Қуния даъват мекунад. Баҳоуддин Валад баъди ду соли иқомат дар  Қуния вафот мекунад.

      Дар ин вақт аз умри Мавлоно Ҷалолуддин ҳамагӣ 24 сол мегузашт, вале бо вуҷуди ин бо тақозои иродатмандон у ба ҷои падари бузургвораш  бар маснади тадрису вазъ менишинад ва ба таълиму ҳидояти толибилмони ҳақиқату маърифат ба бузургтарин марказҳои таълимоти исломии он айём Ҳалабу Димишқ омада, пас аз бозгашт ба Қуния бо анвои илму дониш мусаллаҳ ба тарбияву иршоди соликони роҳи тариқат шуѓл меварзад. 

      Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ монда, бо ин осори пурѓановаташ ҳамчун ситораи пурҷилову тобнок аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи дустдорони илму маъниро равшанӣ мебахшад. 

      Мусаллам аст, ки арҷгузорӣ ба шахсият ва осори гаронарзиши    орифону донишмандони барҷастаи тоҷик дар сиёсати олии фарҳангииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, дар навиштаи «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» хеле  бамаврид қайд шудааст: «Мавлоно дар Вахшонзамин таваллуд ёфта,  минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тўли ҳаёти пурмаҳсули маънавию иҷтимоияш бо намояндагони қавму миллат ва дину мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздике буд. Маҳз ҳамин пайвастагӣ бо қавмҳои гуногун Балхиро водор намуд, ки як таълимоти дархўри ниёзҳои мардуми мухталиф ва умуман барои тамоми аҳли башар муносибро асос диҳад». 

      Воқеан шахсиятҳои маъруф чун Ҷалолуддини Балхӣ танҳо ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳидае маҳдуд набуданд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун нисбат ба осору ѓановати маънавии ин орифи бузург аст. Мусаллам аст, ки Мавлавӣ дар Қуния (Туркияи имруза) зиндагӣ кардааст, аммо тамоми осорашро бо забони модариаш-тоҷикӣ-форсӣ эҷод намудааст ва ба-дин васила руҳи миллӣ ва муҳаббати хешро ба забону миллати худ на танҳо ҳифз, балки нишон додааст. 

Зербайти;

Наъраи ҳойу ҳуи ман аз дари Рум то ба Балх 

Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман   собит ба ин аст. 

     Маҷмуаи ашъори Мавлоно Ҷалолуддин, ки аксари он аз номи устодаш Шамси Табрезӣ ва бо зикри исми у гуфта шудааст, бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» ва ё «Девони кабир» мураттаб гардида, мукаммалтарин таълифоти Мавлоноро ташкил додааст.

      Дар маснавии маънавӣ ҳамчун шоҳасари мақбулу маҳбуб дар баробари тасвири нуқтаҳои муҳими афкори ирфониву тасаввуфӣ ва хулосаҳои ҳакимона роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни маънавӣ аз оёти Қуръони Карим шоҳид оварда шуда, донишмандони асрҳои гузаштаву имруза «Маснавии маънавиро» бо унвонҳои ифтихории Қуръон дар забони паҳлавӣ, «Нардбони осмон», «Китоби муътабар дар тафсири Қуръон» ва «Тафсири суфиёна аз Қуръон» хондаанд. 

       Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.  



Просмотров: 269  |  Комментариев: (0)
1-10-2020, 07:32 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ДАСИСА – УСУЛИ ХОСИ НАХЗАТ 

(қиссаи иғвои як тан нахзатӣ нисбати амакаш)

       Аслан ба сиёсат коре надорам, чунки аз он бӯе ҳам намебарам. Вакте ба сиёсат ҳар ношустару, бесавод, дайду, фосиқу гумроҳ кор мегирад,  низом гум мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фард касбу кори худро пеша кунад,  шуғли худро дуст дорад, такмил диҳад ва аз он баҳра барад. Вақте, ки ҳар як кузафурушу ордфуруш  ба сиёсат дахолат мекунанд, он ба як дукони чарчинфуруш табдил меёбад.

       Шояд мо аз сарсахттарин миллате бошем, ки умре мӯҳтоҷи панду насиҳатем. Ягон миллати пешрафтаи олам ба мисли мо- қавми тоҷику форс абармарду нобиғаҳои оламшумул надошта бошад. Рудакиву Сино, Хайёму Ҳофиз, Фирдавсию Саъди, Соибу Бедил ва ғайраву ва ҳоказо..

       Насли имрӯзаи тоҷик (маҳз тоҷик!!!) шеъру қасидаву ғазали 1200-1300 сол пеш навишташудаи ин нобиғаҳоро бе ягон луғату бе ёрии ягон тарҷумон хуб ва ба осонӣ дарк мекунад.  Бо гузашти асрҳо ҳатто калимае иваз ва иборае тағйир наёфтааст. Ин аз бузургии забону фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллати мо гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол мегирем, давлати абарқудрати Россия. Насли имрӯзаи рус забони ҳадди аққал 2 аср пеши худро на танҳо намефаҳмад, балкӣ бо луғат тарҷима карда наметавонад. Ва ҳазорон чунин мисолҳо овардан мумкин аст..

Просмотров: 166  |  Комментариев: (0)