ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӣ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДОИР ГАРДИД.
28 ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули шаҳрвандон доир гардид. Дар қабул сокинон пешниҳодҳои хешро аз қабили расонидани кӯмак барои сохтмони ду муассисаи таълимӣ, сохтмони хати оби нушокӣ дар деҳаи роҳи Ленин, таъмири пул, насб намудани зеристгоҳ барои объектҳои ҷашнии Ширкати Ходингии “Исмоили Сомонӣ”, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои сокинони деҳаи М.Горкий, насб намудани трансформатор ва симчубҳо дар деҳаи навтаъсиси муҳоҷирони дохилии Ҷамоати деҳоти Фрунзе, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба фонди манзил гузаронидани замин аз ҳисоби чарогоҳ ва ниёз доштани 3 оила ба кӯмаки молиявӣ ба раиси вилоят расониданд. Раиси вилоят пешниҳодҳои шаҳрвандонро ба инобат гирифта, ба масъулин дастур дода шуд, ки пешниҳодҳои мардумро ҳалу фасл намоянд. Ҳамзамон худи ҳамин рӯз аз ҳисоби раиси вилояти Хатлон кӯмаки яквақтаина ба 3 оила маблағ ва маводи хурока аз қабили орд, пиёз, картошка, равғану биринҷ расонида шуд.
АКСИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Санаи 24 ноябри соли 2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, аз тарафи бахши кор бо занон ва оила ва кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аксияи иттилоотӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва тақсимоти парчамҳои хурд таҳти унвони “Парчам – рамзи давлатдорӣ” гузаронида шуд.
Сухани табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
муҳтарам Убайдуллои Файзулло ба муносибати
ҷашни Рӯзи Парчами давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Санаи 24-ноябр дар сар то сари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашни яке аз рамзҳои давлатӣ-Рузи Парчами миллӣ дар фазои тинҷу ороми кишвари азизамон истиқбол карда мешавад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рӯзгори осуда орзу менамоям.
Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём маҳз парчам мебошад.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ-рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.
Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.
БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия санаи 16 ноябри соли 2020 дар Қасри фарҳангии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шуда, як қатор фаъолони ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо суҳбату вохўриҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуданд.
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
МУҲТАРАМ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО БА ИФТИХОРИ
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ,
Дар таърихи давлатдории миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи 16-ноябр ҳамчун Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардида, эҳтирому самимияти мардумро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода менамояд.
Таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт.
Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон мо хуб дар ёд дорем, ки дар бунёд кардану азми ватандорӣ ба Пешвои муаззами миллат монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо руҳи шикастнопазираш хастагиро напазируфт. Икдомҳои ташаббускоронаи ватансозиаш тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор кард, ки ин бедорӣ моро ба шоҳроҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуд. Воқеан, ӯ хуб дарк мекард, ки бунёди қасрҳову иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳову роҳҳо бе устувории тафаккури миллӣ бақо надоранд. Аз ин ру, рисолати таърихиашро дар назди ватану миллат ба ҷо оварда, миллаташро соҳибватан кард ва бо итминону боварӣ дар арсаи сиёсат қадам гузошт.
ТАШРИФИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ташриф овард.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рафти сохтмони бинои нави Осорхона, китобхона ва матбаа дидан намуданд.
Бинои мазкур дар маркази ноҳия -шаҳраки Балх сохта шуда, маблаѓи умумии сохтмон 4,5 миллион сомониро дар бар мегирад. Сохтмони бино аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия амалӣ гардида истодааст. Айни замон корҳои пардозгарӣ ҷараён дорад.
Сипас Савазири мамлакат аз корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи варзишии сохташаванда дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд.
Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст. Иншооти калонтарини он Маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки майдони 11 гектарро дар бар гирифта, дар он 15 000 ҷойи нишаст барои мухлисон пешбинӣ шудааст.
Дар саҳни рости Маҷмааи варзишӣ майдони Парчами миллӣ ва майдони Нишони давлатӣ, дар саҳни чапи Маҷмаа гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ, Маќбара ва Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ сохта мешавад.
Инчунин, дарназди ин Маҷмааи варзишӣ сохтмонимактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳбарои хонандагон ва омўзгорон, сохтмони муассисаитомактабии сеошёна барои 330 нафар кўдак 2 хонаи бисёрошёнаи 50 ҳуҷрадор идома дорад.
Тибки лоиҳа дар ин мавзеъ инчунин меҳмонхона, маркази савдо ва 8 адад хонаи бисёрошёна (ҳамагӣ 10 хонаи бисёрошёна) сохта мешаванд.
Сарвазир Коҳир Расулзода барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.