Календар
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
2-11-2020, 13:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МО ҶАВОНОН НАМЕГУЗОРЕМ, КИ ХОИНОНИ

МИЛЛАТ БА МАҚСАДИ НОПОКИ ХУД БИРАСАНД

      Боиси сарбаландӣ ва ифтихор аст, ки мо, ҷавонон, имрӯз дар зери парчами барафрохтаи истиқлол, сулҳу суботи ҷомеаи дунявӣ, ягона ва ҳуқуқбунёди худ бо озодии сухан аз минбарҳои баланд баромад карда, мақсаду ниятҳои хешро баён менамоем.

Тайи 29-соли Истиқлолият Тоҷикистони мо дар зери роҳбарии шахсияти арзанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққиёти зиёде ноил гардид, ки ҳама шоҳиди он ҳастем.

       Албатта, дар ҳар як пешрафт заҳмату талоши мардуми кишвар нақши муассир дошта, аз сиёсати хирадмандонаю халқпарваронаи роҳбари давлат дарак медиҳад.

Чуноне, ки огоҳ ҳастем, Пешвои миллат дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа нигоҳи аввалинро ба ҷавонон андӯхта, ҳамеша таъкид менамояд, ки неруи ояндасозро тарбия бояд кард.

Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)