Календар
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
3-11-2020, 14:17 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МУҲТАРАМ

УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО

БАХШИДА БА 26-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


            ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ, 

       Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.

         Бисту шаш сол муқаддам - 6-уми ноябри соли 1994дар таърихи  давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муасиру сарнавиштсоз гузошт.

         Мардуми худогоҳу мушкилнописанди  Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ  тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлолихудро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи  ниёгони хешро амалӣ намуданд. 

         Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии санадҳои байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро шинохтааст, таҳия ва қабул карда шудааст. 
Просмотров: 31  |  Комментариев: (0)
3-11-2020, 13:48 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

САБАБИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОДГАРОӢ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

         Аз таҳлилҳо бар меояд, ки ифродгарои - экстремизм ва тундгароӣ- радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фаҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегардад.

         Мавзӯи муқовимат бо экстремизм терроризм ва ифродгароӣ мубрами рӯз дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талошҳои ҷиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала рушани андохта, роҳу василаҳои  баромадан аз ин мушкилоти худ “инсонҳо” ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила менамуданд.

Просмотров: 27  |  Комментариев: (0)