Календар
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
4-11-2020, 15:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

      Ҳамаруза ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳашарҳои дастҷаъмонаи ободонӣ гузаронида мешавад. Ин навбат дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия корҳои тоза ва сабзу хуррамгардонӣ гузаронида шуд. Айни ҳол дар боғи фарҳангии ноҳия корҳои ободонӣ  аз ҷумла насби дарвоза ва роҳраву гулгаштҳои он сохта шуда, дар назар дошта шудааст, ки бо насби артаксионҳо ин боғ ба яке аз ҷойҳои тамошову истироҳати сокинони ноҳия табдил дода шавад. 


Просмотров: 41  |  Комментариев: (0)
4-11-2020, 15:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
КОНФЕРЕНСИЯИ  НАЗАРЯВӢ ТАҲТИ  УНВОНИ  «КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ  ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ,  ОЗОДИҲОИ  ИНСОН ВА  ШАҲРВАНД»

   Санаи  4 ноябри соли  2020  дар  толори шуъбаи  маорифи  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳия  бахшида ба 26-умин  солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Конференсияи назарявӣ таҳти унвони  «Конститутсия кафили  таъмини ҳуқуқ,  озодиҳои  инсон ва  шаҳрванд»  бо иштироки занони фаъоли  ноҳия  ва кормандони ҳифзи  ҳуқуқ  баргузор гардид.

         Дар вохӯрӣ  муовини раиси  ноҳия  Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши  кор бо  занон ва  оилаи  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳия Файзуллозода  Лутфия  ва собиқадори  меҳнат Саодат  Аллаёрова  иштирок ва  доир  ба  нақши  Конститутсия дар  пешрафт ва  тараққиёти  давлат ва  ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои  инсон суханронӣ  намуданд.

     Зимни  баромадаш муовини  раиси ноҳия  Абдусаломзода Анзурат  қайд намуд, ки  Конститутсия, шаҳодатномаи  ҳар як  халқи  соҳибистиқлол, гувоҳномаи  давлати озоду  мустақил, санади  танзимкунандаву  муайянкунандаи  низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафили  таъмини  ҳуқуқ ва  озодиҳои  инсон ва  шаҳрванд  мебошад.

         Мусаллам  аст, ки Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистондар  асоси  меъёрҳои ҳуқуқии  санадҳои  байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро  эътироф  кардааст, таҳия  ва  қабул  гардидааст. Аз  ин рӯ  ин  ҳуҷҷати  арзишманди таърихӣ  дар  роҳи расидан ба  ҳадафҳои  олии давлатдориву  давлатсозии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон заминаи боэътимод  гузоштааст. -иброз намуд  А. Анзурат.

        Ҳамчунин  қайд гардид, ки  Тоҷикистон  аз  рӯзҳои  аввали ба даст  овардани  Истиқлолияти давлатӣ  мавқеи  занону бонувон  ва  нақши онҳоро  дар  рушди идораи  давлатӣ  дар фаъолияти  меҳварии  худ  қарор  додааст, ки дар  ин  самт як чанд  санадҳои  меъёриву ҳуқуқӣ  низ  қабул гардидааст.  Аз  ҷумла, нақшаи миллии  тадбирҳои  ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оидба  баланд  бардоштани нақшу  мақоми  занон барои  солҳои  1998-1995 Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  3-уми декабри  соли  1999 дар бораи  тадбирҳои  баланд бардоштани  мақоми занон  дар  ҷомеа. Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз соли  2005 дар  бораи кафолатҳои  давлатии  баробарҳуқуқии  занону мардон  ба имкониятҳои  баробари амалигардонии онҳо. Қарори  Хукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи  барномаи давлатии  тарбия, интихоб  ва  ҷо ба ҷо  гузории кадрҳои  роҳбарикунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҳисоби занону духтарони  болаёқат  барои солҳои  2017-2023, ки  нишонаи амиқи  иродаи  устувори сиёсии  роҳбарияти  давлат дар  самти  боло бурдани мавқеъ  ва  нақши занон  арзёбӣ  мешавад, маҳз  дар  доираи Конститутсия қабул  гардида, имрӯз  мавриди амал  қарор  дорад.

Просмотров: 24  |  Комментариев: (0)