Календар
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
9-11-2020, 00:54 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МОШАРИФ  СОҲИБИ  ХОНАШУД

          Мошариф  Назаровасокини  деҳаи  Нурофарини шаҳри  Левакант  15 сол  дар  мушкилоти вазнини  зиндагӣ   қарор дошт ва  бо  5 фарзанди  хурд сол  азияти зиёд  мекашиданд. Дар  як хонаи  хаспӯш  зиндагӣ мекарданд.

       Шавҳараш Гаримадов  Даврон  барои беҳтар  кардани  сатҳи зиндагӣ  ба  мусофират рафту  дучори  садама шуда  худ  муҳтоҷи дастгирӣ  гардид,  то  пойҳои  маъюбаш шифо  ёбанд.   

        Хонаи Мошариф  аз  як  ҳуҷра иборат буду ҳам  ҷои хоб  ҳам ҷои  хӯрокпазӣ ва  ҳам  ҷои сару  либосшӯӣ  буд.

         Аз баски  Мошариф ҳуҷҷат  ва  савод надошт,  дар  ягон  ҷо кор намекард. Ҳамсояҳо  гоҳо  як коса  хӯрок  ё як  дона  нон ба  ин  оила меоварданд.  Вале  тоба  кай  ба ин  аҳвол  умр ба  сар  бурд. Куҷо  равам  бо 5  фарзандам, -  мегуфт Мошариф. 

        Умедвор буд,  ки шахсони хайрхоҳу  саховатпеша ва идораҳои  марбута  ба ӯ ва  бачаҳояш  ҳатман дасти  ёрӣ  дароз карда,  ин  оилаи ниёзмандро  аз  зиндагии сахт  ва  вартаи ноумедӣ  раҳоӣ  мебахшанд. 

     Ин  оила  ҳоло  аз  ҷониби  як  соҳиби  ватандӯст, ки номашро  махфӣ  нигоҳ доштан  хост,  дастгирӣ ёфт. Дар  ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ  кӯчаи  Сино, хонаи 1, се ҳуҷрагаеро  бо  тамоми  шароитҳо муҳайё буда  таъмин  гаштааст. 

     Алҳол  Мошариф бо  фарзандонаш  аз  ҷониби  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ  низ  ҳаматарафа ёрмандӣ дида  истодааст. Ҳамчунин  аз  ҷониби  шахсони хайрхоҳи  ноҳия  нисбатиин  оила  кӯмакпулиҳо расонида  мешавад.  Фарзандони Мошариф  Абдураҳмон, Шамсия, Ҳуринисо  акнун метавонанд  ба  мактаб рафта  таҳсил  намоянд. Соҷида  ва Зайниддини  хурд сол  бошад, дар  кӯдакистон  таълим мегиранд  ва  Мошариф бошад ба  ҷои  кор таъмин  карда  мешавад.

   Мошариф  бо фарзандонаш  ҳамеша дуои  хайри  шахси наҷотбахшашонро  мекунад  ва аз  ҳукумати  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ  низ сипосгузор  аст.

Просмотров: 19  |  Комментариев: (0)