Календар
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
10-11-2020, 07:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

П А Ё М И ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК.

10 НОЯБРИ СОЛИ 2020


    МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҲИФЗИ

    ҲУҚУҚ, 


      Ҳар сол дар сар то сари Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2011,  №753 «Дар бораи рӯзҳои ид» иди касбии кормандони милитсияи тоҷик бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳама маълум аст, ки фаъолияти милитсия асосан ба ҳимояи ҳаёту амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷомеаву давлат, таъмини тартибот ва суботи ҷомеа, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо, ошкор намудан ва тафтишоти онҳо, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва таблиғоти донишҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. 

      Дар арафаи иди касбии кормандони милитсия ман мехостам ҳамаи кормандони мақомоти милитсияи ноҳияро ба муносибати Иди касбиашон самимона  табрик гуфта, барои Шумо муваффақият ва бурдбориҳои беинтиҳо орзу намоям. 


Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)