Календар
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
12-11-2020, 00:28 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТАШРИФИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба          30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ташриф овард.

   Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  аз рафти сохтмони бинои нави Осорхона, китобхона ва матбаа дидан намуданд.

     Бинои мазкур дар маркази ноҳия -шаҳраки Балх сохта шуда, маблаѓи умумии сохтмон 4,5 миллион сомониро дар бар мегирад. Сохтмони бино аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия амалӣ гардида истодааст. Айни замон корҳои пардозгарӣ ҷараён дорад.

     Сипас Савазири мамлакат аз корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи варзишии сохташаванда дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд.

      Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст. Иншооти калонтарини он  Маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки  майдони 11 гектарро дар бар гирифта, дар он  15 000 ҷойи нишаст барои мухлисон пешбинӣ шудааст. 

     Дар саҳни рости Маҷмааи варзишӣ майдони Парчами миллӣ ва майдони Нишони давлатӣ, дар саҳни чапи Маҷмаа гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ, Маќбара ва Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ сохта мешавад.

     Инчунин,  дарназди  ин Маҷмааи варзишӣ  сохтмонимактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳбарои хонандагон  ва омўзгорон,  сохтмони  муассисаитомактабии  сеошёна  барои 330 нафар кўдак 2 хонаи бисёрошёнаи 50 ҳуҷрадор  идома дорад. 

     Тибки лоиҳа дар ин мавзеъ инчунин меҳмонхона, маркази савдо ва 8 адад хонаи бисёрошёна (ҳамагӣ 10 хонаи бисёрошёна) сохта мешаванд.


     Сарвазир Коҳир Расулзода барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.









Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)