САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ДАҲСОЛАИ СЕЮМИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шуъбаи мазкур дар давоми даҳсолаи сеюми соҳибистиқлолии мамлакат як маротиба тағйири ном карда, аз соли 2011 инҷониб ҳамчун Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият дорад. Вазифаҳои низомномавии он татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба фарҳанг, маънавиёт, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, созмонҳои сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳо мебошад.