http://balkhi.tj/
31-08-2021, 05:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бо мааром идома дорад.

Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)
30-08-2021, 05:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

       Китоб махзани умеду орзу ганҷинаи ақлу дониш ва роҳнамо ба олами донишҳост. Китоб оинаест, ки мо дар он ҳусни баёни зиндагӣ, роҳи хато ва дурустии худро мебинем. Китоб шоҳсутуни иродаи ҳар як фард мебошад.

     Китоб ганҷинаи бебаҳо ва бозкунандаи дарҳои имрӯзу фардои мост. Мутолиа кардани китоб инсонро сухандон мегардонаду ба роҳи ростӣ ҳидоят мекунад. Дӯсти беҳтарине, ки дар ҳар марҳала бо мост, номаш китоб аст. Воқеан, ҳам китоб он кони ганҷест, ки ҳамеша ҷустуҷӯяш мекунанд.

Просмотров: 16  |  Комментариев: (0)
29-08-2021, 05:13 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ хоҷагиҳои зиёде амал мекунанд, ки яке аз онҳо Кооперативи истеҳсолии «Ангурбоғ» дар ҷамоати деҳоти Навоӣ мебошад.

Просмотров: 19  |  Комментариев: (0)
27-08-2021, 15:29 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

         Дар Ҷамоати деҳоти Маданият бо хоҷагидорон вохӯрии муфид доир гардид. 

      Дар вохӯрӣ муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, сардори шуъбаи омори ноҳия Рамазон Каримов ва раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Эшбуризода Баҳриддин иштирок доштанд.

     Баромадкунандагон оид ба иҷрои нақшаи пахта суханронӣ намуда, ба саҳмдорон барои кишти тирамоҳӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

А. Шерматов

Просмотров: 19  |  Комментариев: (0)
26-08-2021, 07:49 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Асал аз ҷумлаи беҳтарин маҳсулоти ғизоӣ ва табобатӣ буда, барои солимии организми инсон нақши калон дорад. Олимони соҳаи тиб асалро давои сад дард гуфтаанд.

Просмотров: 18  |  Комментариев: (0)
24-08-2021, 16:25 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло ва иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А., муовини вазири нақлиёт Сироҷзода Ш., сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Т., намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Агентии беҳдошти замин ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон ва Носири Хусрав ҷаласаи сайёр доир ба масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Просмотров: 17  |  Комментариев: (0)
24-08-2021, 15:54 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Маориф пояи илму маонист,

Чароғи раҳнамо дар зиндагонист

Ҳар он ки гом ба роҳи илм бинҳод,

Варо бар ҳақ, ҳаёти ҷовидонист.

Просмотров: 40  |  Комментариев: (0)
23-08-2021, 09:09 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
       Маркази ташхисию табобатии «Исмоил», ки аз ҷониби Бегмурод Холов қомат рост кардааст, ба ҶДММ бо номи «Ғолибҷон» мансуб аст. Ин марказ аз 4 ошёна иборат буда, дар он дорухона, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобатӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун ва дигар хизматрасониҳо мавҷуд аст. 
Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)
22-08-2021, 16:03 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Воқеан ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад моро ба санаи ифтихории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик месозад.

      Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни умумимиллӣ дар тамоми гӯшаю канори ватани азизамон корҳои бунёдкориву созандагӣ дар як сатҳи баланд идома дошта аллакай як қатор иншоотҳои ба нақша гирифта шуда ба истифода дода шудааст.

Просмотров: 40  |  Комментариев: (0)
21-08-2021, 05:49 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Мардуми мо аз қадим ба табибон зиёд арҷгузорӣ намуда, аз ҷумла онҳоро ашхоси соҳибнуфузи ҷомеа эътироф намуда буданд. Вожаи «Табиби ман-ҳабиби ман» низ ихтироъи ҷадид набуда, аз ҳамон айём маншаъ гирифтааст.

Просмотров: 13  |  Комментариев: (0)