МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
Сортировать статьи по: дате | популярности | посещаемости | комментариям | алфавиту

ТАҶЛИЛИ РӯЗИ РӯДАКӣ ДАР НОҲИЯ

Автор: admin от Вчера, 17:11

ТАҶЛИЛИ  РӯЗИ  РӯДАКӣ  ДАР  НОҲИЯ

    Ҳамасола  чу  анъана  дар  тамоми  қаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   санаи  22  сентябр  Рӯзи  Рӯдакӣ  ҷашн   гирифта   мешавад.

   Ба  ин  хотир  санаи  20  сентябри  соли  ҷорӣ  дар  толори  Кохи  синамои  ноҳия   чорабинӣ   бо  иштироки  намояндагони  Мақомоти  иҷроияи  маҳалии ҳокимияти  давлатии  ноҳия,  намояндагони  маориф   ва  омӯзгорону  хонандагон  баргузор   гардид.

НАЙРАНГИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН ДАР САҲА

Автор: admin от 19-09-2019, 18:46

НАЙРАНГИ  НАВБАТИИ  НАҲЗАТИЁН  ДАР САҲА

     Санаи  16-уми сентябри соли равон  дар шаҳри  Варшава  пойтахти Лаҳистон, ҷаласаи солонаи  Созмони  Амният  ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оғоз шуд, ки интизор аст то санаи 26-уми сентябр идома  кунад.

     Дар ин нишаст дар баробари давлатҳои аъзову  дигар ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ашхоси  ба ном «мухолиф»-и тоҷик  ва  гурӯҳҳои  террористӣ- экстримистӣ низ  ширкат  доранд.  Албатта фикр менамоем, ки набояд Созмони  амният  ва ҳамкорӣ  дар Аврупо чунин шахсонро  ба нишасти худ роҳ медод.

ҲАҚҚИ ПАДАРУ МОДАР АЗ НИГОҲИ ДИНИ ИСЛОМ

Автор: admin от 18-09-2019, 10:51

ҲАҚҚИ  ПАДАРУ МОДАР АЗ ниГОҲИ дини ИСЛОМ

   Дар дини мубини Ислом падару модар ду шахси муқаддасе ҳастанд, ки ҳар кас пеш аз ҳама бояд ҳурмати онҳоро ба ҷо орад. Яъне,  мақому манзалати падару модар ба дараҷае баланд аст, ки ҳар қадар хизматашонро ба ҷо орем, ҳаққи онҳоро баргардонида наметавонем. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз худаш дигареро ибодат макунед ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед.

СОЛИМИИ БАШАРИЯТ БА ҒИЗО ВОБАСТА АСТ

Автор: admin от 17-09-2019, 07:56

СОЛИМИИ БАШАРИЯТ БА ҒИЗО ВОБАСТА АСТ

   Ғизои солим яке аз омилҳои асосии солимии организми тамоми мавҷудоти зинда ба шумор рафта, асоси энергия, инкишоф ва дигар протсесҳои физиологие, ки дар организм мегузарад, мебошад. Талабот ба ғизо шарти зарурӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар мадди аввал меъёри он дар давоми сол таъмин ва истеъмол карда шавад.

ҶИҲОДИ ИСЛОМӢ ВА КАҶФАҲМИИ НАҲЗАТИЁН

Автор: admin от 16-09-2019, 10:53

ҶИҲОДИ  ИСЛОМӢ ВА КАҶФАҲМИИ НАҲЗАТИЁН

 «Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем».

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

НАШЪАМАНДӢ –ВАБОИ АСР

Автор: admin от 13-09-2019, 10:49

НАШЪАМАНДӢ –ВАБОИ АСР

 Нашъамандӣ бемории инкишофёфта буда, дар натиҷаи истеъмоли маводи нашъаовар ба амал омада, оқибат ба вобастагии руҳӣ ва ҷисмонӣ оварда мерасонад.

   Пайдо шудани вобастагӣ чунон қавӣ аст, ки инсонро комилан зери таъсири худ мегирад. Ӯро маҷбур мекунад, ки бар хилофи иродааш амал кунад ва мутеи маводи нашъаовар бошад.

ИНШООТҲОИ ҶАШНӣ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Автор: admin от 11-09-2019, 17:09

ИНШООТҲОИ ҶАШНӣ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

    Санаи 6 сентябри соли 2019 дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як қатор иншоотҳои ҷашни бахшида ба 28-мин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.

Муборакбод мегуем

Автор: admin от 10-09-2019, 17:06

муборакбод мегуем

    Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, №1336 ду нафар фаъолони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мукокофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

    Наибов Мирзоназар Бекназарович – сармутахассиси хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шуъбаи маорифи ноҳия

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Автор: admin от 6-09-2019, 20:00

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Рӯзи  6 сентиябри  соли равон мардуми ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳия  28-умин  солгарди Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  таҷлил  намуданд.

ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯ ДАР 28 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Автор: admin от 3-09-2019, 16:26

ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯ ДАР 28 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

   Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданду ҳастанд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фаро гири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати мили худ ноил гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.


Назад Вперед
Наверх
 

xx
xx
xx.
xx