МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳия

Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳия

Сафари  кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳия

Санаи 18 июни соли равон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари  кории хеш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. 

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон  бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзон аз  заминҳои Кооперативии истеҳсолии ба номи Ниёзмуҳамад  Бегов дидан намуд.  Раиси вилоят дар ҷараёни сафари корӣ аз боғҳои хоҷагии мазкур боздид намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани парвариши боғҳо ба кишоварзон тавсияҳои судманд доданд. 

Дар  идомаи сафари  корӣ раиси вилояти Хатлон бо вазъи корҳо  дар корхонаи сементбарории «Моҳир семент» шинос шуданд.  Мавриди зикраст,  ки дар  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Моҳир семент»  120 нафар  кору фаъолият менамоянд. Корхонаи мазкур  дар  як шабонарӯз дуҳазор  тона  семент ва дар маҷмуъ дар як  сол шашҳазор тона  семент истеҳсол менамояд.  Сохтмони корхонаи семент барории «Моҳир семент» идома дошта, то имрӯз  80 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст. Тибқи лоиҳа барои сохтмони корхонаи мазкур 360  миллион  сомонӣ сарфхоҳад шуд.        

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати шиносоӣ ба масъалаи таъмини хонандагони МТМУ бо сару либоси мактабӣ бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сомон-И 2013» ташриф оварда, дастур доданд, ки либосҳои мактабӣ дар муҳлат ва босифати хуб духта ба истеҳсолот бароварда шаванд.

Зимни  сафари корӣ бо мақсади  шиносоӣ бо вазъикорҳои сохтмонӣ аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи варзишии ноҳия дидан намуданд. Тибқи лоиҳа дар мавзеи барои сохтмон интихоб шуда варзишгоҳ барои  15  ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад. Иттило дода шуд, ки дар назди варзишгоҳ инчунин сохта ба  истифода додани гимназия барои кудакони лаёқатманд ва боғчаи кӯдакона барои 330  нафар кӯдакон  низ дар назар дошта шудааст.

Ҳакимзода Қурбон ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта,  сари вақт  ба  итмомрасонидани иншоотҳои ҷашни ва  дар сатҳи  баланд  пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси вилояти Хатлон  ба аёдати ду нафар собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, сокинони ҷамоати деҳоти Навобод ва Ҳалевард рафта, бо онҳо суҳбату мулоқот ва кӯмакҳои як вақтаина расонид.


dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx