МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида ба 22-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида ба 22-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

Паёми

табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

муҳтарам Убайдуллои Файзулло бахшида  ба

22-солагии  ҷашни Ваҳдати миллӣ

     Ҳозирин арҷманд,

     Ҳамдиёрони азиз!

   Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихӣ, арзиши муқаддас ва неъмати бебаҳо, падидаи қисматсозу ифтихорофарин маҳсуб ёфта, маҳсули азму талош, иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин дастоварди бузург мардум аз хавфи парогандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт.

Ба ин муносибат Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро бо ин ҷашни муқаддас самимона  табрик намуда, бароятон сарбаландиву рузгори обод ва дар роҳи таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият неруи тавоно орзу менамоям.

Таъмини сулҳу субот ва пойдории тиҷиву оромии  Тоҷикистони азизи мо натиҷаи ҷонифидоию заҳматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

    Яъне таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт.

   Тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ,  ташкили қӯшуну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, қабулиҳадафҳои стратегӣ ва қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи  ташаббус ва таъмину иҷрои он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.  

    Воқеан, ӯ хуб дарк мекард, ки бунёди қасрҳову иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳову роҳҳо бе устувории тафаккури миллӣ бақо надоранд. Аз ин ру, рисолати таърихиашро дар назди ватану миллат ба ҷо оварда, мардумашро соҳибватан кард ва бо итминону боварӣ дар арсаи сиёсат қадам гузошт. Ӯ пайваста дар суханрониҳояш ғурури миллии ниёгонро ба аҳли ҷомеа талқин намуда, дар баррасиву муҳокимаҳои мавзуъҳои дорои хусусияти глобалӣ манфиатҳои Тоҷикистони азизро ҳифзу ҳимоят менамояд.  

   Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаю назари хирадмандона нигоҳ кунем, Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро бунёд намуда, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, ба сокинони кишвар зиндагии шоистаро таъмин намуд. Натиҷаи ҳамин созандагиҳо Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуда, азму суботи сулҳоварӣ ва иродаи устувори Пешвои миллати мо намунаи олӣ ва ибрати ватансозии сокинони сайёра гардидааст.

Ҳозирини арҷманд!

Фазои имрузаи сиёсии ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии давлат  равона созем. Дар амалӣ намудани ин ҳадафи ояндасоз  пеш аз ҳама ҷавонон  ҳамчун неруи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд. 

Вале масъалаи нигаронкунандае, ки имруз  пойдории ваҳдати миллии моро метавонад халалдор созад, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ мебошад.  Мо дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб пеш аз ҳама ба фаъолону ҷавонон ва сокинони пешоҳанги ноҳия такя мекунем ва бовар дорем, ки шумо бо ифодаи ҳимоятгару муҳофизони боэътимоди давлатдар таҳкими тинҷиву оромии ватани азизамон мавқеи худро боз ҳам устувор менамоед.

    Ҳозирини гиромӣ!

    Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.

  Дар солҳои пойдории ваҳдат ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣниз бамаротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардиданд.

    Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта маврид истифода қарор дода шуданд. Сатҳи зиндагии мардум тадриҷан баланд гардид. Истифодаи самарноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда  ҳосил аз он имруз дар соҳаи кишоварзӣ пурра татбиқ карда мешавад, ки ин пешравиҳо самараи ваҳдат аст.

   Айни замон дар ноҳия марҳилаи созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза дошта, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 170 иншооти таъиноти гуногунба нақша гирифта шуда, якчанд иншооти мавриди истифода қарор дода шуда, бунёди аксари онҳо дар ҷамоати шаҳраку деҳот идома доранд.

   Имруз вақте фаро расидааст, ки ҳар кадоми мо барои пешрафту шукуфоии диёри худ, хонаву маҳал ва кучаву хиёбонҳои ноҳия саҳм гузорем. Хишти нангу номуси ватандориро болои хишти худогоҳиву хештаншиносӣ зам намуда, девори устувори ғурури миллиро побарҷо намоем, бунёд кунем, обод кунем ва ба фарзандону наберагонамон шароити арзандаи зиндагиро таъмин намоем.

   Барои амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷибу созанда мо шароит ва имкониятҳои фаровон дорем. Мо пеш аз ҳама бояд аз он шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлатем ва дар ватани азизи мо  сулҳу осоиш ва ваҳдати комил пойдор аст.

  Дар масири обод намудани ватан иродаи мардуми тоҷик устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ миллати шарафманди моро ба ваҳдат оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.  Аз ин ру, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои ваҳдатистиқлолият, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон  аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. 

     Бо арзи эҳтироми бепоён боридигар ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро бо ҷашни 22 солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони Шумо  оромиву хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

     Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидон бошад.

 

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx